Маълумоти охирин

СИПАР

СИПАР, дар биология, ташкилаи сахти мухзофизатиест, ки як қисм ё тамоми бадани баъзе ҳайвонҳоро мепӯшад. Дар ҳайвонҳои бемӯҳра Сипар аз пӯшиши каме ғафсшудаи хитинӣ ё лавҳачаи оҳакӣ ба вуҷуд меояд. Сипари хитинӣ ба баъзе ҳашарот (масалан, дуруштболҳо) ва харчангшаклҳои дараҷаи паст хос аст. Дар харчангшаклҳои дараҷаи олӣ (масалан, дар крабҳо) Сипари хитинӣ бо оҳак ҷаббида шудааст. Аз ин сабаб Сипари онҳо мустаҳкамтар мебошад. Сипаре, ки аз лавҳачаи оҳакӣ ҳосил шудааст, ба сӯзанпӯстҳо хос аст. Лавҳачаҳои Сипари хорпушти баҳрӣ бо ҳамдигар зич васл шудааст. Дар байни ҳайвонҳои мӯҳрадор намояндаҳои ҳамаи синфҳо Сипар доранд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …