Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИНОНИМҲО

СИНОНИМҲО

СИНОНИМҲО (аз юнонӣ synonymos— ҳамном), муродифҳо, калимаҳоеанд, ки ба як ҳиссаи нутқ тааллуқ дошта, аз ҷиҳати маъно ба ҳам наздиканд. Синонимҳо бо тобишҳои маъноӣ, бо мавқеъ ва дараҷаи истеъмолашон дар забон аз якдигар фарқ мекунанд. Синонимҳое, ки аз ҷиҳати маъно ба ҳам хеле наздиканд, Синонимҳои комил ва Синонимҳое, ки бо тобишҳои иловагии маъноӣ ва мавқеи истеъмолашон аз ҳам фарқ мекунанд, Синонимҳои услубӣ ном доранд. Гурӯҳи калимаҳои синонимиро силсилаи Синонимҳо меноманд ва калимаеро, ки маънои умумикунанда дорад, сарсилсила мегӯянд. Умумияти маъноӣ ва фарқи силсилаи Синониҳо дар муқоисаи байни онҳо муайян мешавад. Масалан, калимаҳои «чашм» ва «дида» синониманд. «Чашм» хусусияти умумӣ- истеъмолӣ дошта, ба маъноҳои зиëди маҷозӣ омада метавонад. Калимаи «дида» чун «чашм» аз ҷиҳати маъно бою сермаҳсул нест, бештар дар забони адабӣ истеъмол мешавад. Калимаи «чашм» дар ин гурӯҳи Синонимҳо сарсилсила ба ҳисоб меравад. Дар забон бисёр будани калимаҳои синонимӣ яке аз нишонаҳои бой ва мукаммал будани таркиби луғавии он аст. Синонмҳо барои равшан ва фасеҳ баён намудани фикр заруранд. Истеъмоли Синонмҳо дар забон танҳо барои иваз намудани калима набуда, балки барои муайян кардани муносибати гӯянда нисбат ба фикри гуфташуда мебошад. Синонимҳо ба шакли ҷуфт низ истеъмол мешаванд: «орзую ҳавас», «зебу зинат», «тунду тез» ва ғайра. Ин тарзи истеъмоли Синонимҳо барои таъкид ва мукаммал ифода намудани андеша ёрӣ мерасонад.

                                                                                        М. Муҳаммадиев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …