СИНГУЛАРИЯТ дар астрофизика ва космологияи релитивистӣ, як ҳолати фавқулодаи моддаро гӯянд, ки дар натиҷаи бениҳоят афзудани зичӣ ва каҷии фазо- вақт ба вуҷуд меояд. Сингуларият аслан мафҳуми математикӣ буда, дар истилоҳоти илмии русӣ ҳамчун муродифи «особенность» (хосса) ё «вырожден- ность» (вожгун) меояд ва ҳолати ифротӣ ё маСхро ифода мекунад. Масалан, матрисаи хосса (матрисаест, ки муайянкунандааш ба сифр баробар аст) ё нуқтаи хосса (нуқтаест, ки дар он аналитияти функсия вайрон мешавад; дар назарияи муодилаҳои дифференсиалӣ нуқтаест, ки дар Ан ҳам сурат ва ҳам махраҷи қисми рости муодила якбора ба сифр баробар мешавад).
Дар физикаи назариявӣ, ки қонунҳои ои асосан тавассути муодилаҳои дифференсиалӣ ифода меёбанд, мафҳуми Сингуларият мазмуну маънои конкретӣ пайдо мекунад. Дар физикаи релятивистӣ (физикае, ки бар бунёди назарияи нисбият қарор гирифтааст) ду навъ Сингулариятро ҷудо мекунанд, ки ниҳоди математикиашон як аст.
Сингуларияти шварсшилдӣ (аз номи олиме, ки муодилащои Эйнштейнро барои ҳалли масъалаҳои назарии астрономия бори аввал татбиқ кардааст), гуфта, интиҳои охирини марҳилаи таҳаввули ситораҳои азимҷуссаро меноманд. Ситораҳои мазкур баъди ба охир расидани захираи энергияи термоядроӣ бо шаст фушурда мешаванд ва дар муддати бағоят кӯтоҳ (дар рӯи соати мушоҳиде, ки дар рӯи ситора ҷой гирифтааст) ба «ҳолати нуқтагӣ» мерасанд (Нигаред Коллапси гравитасионӣ ва Сиячоҳ).
Сингуларияти фридманӣ (аз номи олиме, ки бунёди космологияи эволютсиониро гуҳоштааст) гуфта, сароғоз ё интиҳои як сикли таҳаввули Коиноти томро меноманд. Моделҳои релятивистии Коиноти бефосила (абадӣ) инкишофёбанда якто (дар оғози таҳаввул), моделҳои Коиноти лаппанда (даврӣ васеу фушурдашаванда) дуто (дар оғоз ва анҷом) нуқтаи сингуларӣ доранд (нигаред Моделҳои Коинот).
Сингуларияти фридманӣ қадимтарин шакли мавҷудияти материя аст, ки ба мо аз теппаи дониши имрӯзаамон дастрас шудааст, яъне мавриди таҳқиқи назарӣ қарор гирифтааст. Вале ин чунин маъно надорад, ки материя то ҳолати сингуларӣ вуҷуд надошт ва ё абадуддаҳр дар ин аҳвол буд. Материя то ин ҳолати ибтидоӣ (Сингуларият) расидан муттасил аз як шакл ба шакли дигар гузаштааст, яъне дар ҷараёни ҳамешагии ҷунбишу табдилот буд (ҳаст ва хоҳад буд).
А. Турсунов.