Маълумоти охирин

СИМВОЛИЗМ

СИМВОЛИЗМ (аз юнонӣ symbolon— рамз), ҷараёни адабию бадеии охири асри 19 ва аввали асри 20 дар Европа. Дар Символизм бархилофи адабиёт ва санъати реалистӣ, тасвири субъективии воқеият ва бо рамзу тамсил кушодани моҳияти руйдодҳо мавқеи асосӣ дорад. Асосҳои эстетикии Символизм солҳои 60-70- уми асри 19 дар осори шоирони франсавӣ. Верлен, А. Рембо, С. Малларме ва дигарон шакл гирифт. Истилоҳи Символизмро ҳамчун номи ҷараёни адабӣ соли 1886 бори аввал Ж. Мореас истифода бурд. Намояндагони асосиаш: П. Верлен, П. Валери, А. Рембо, С. Малларме, М. Метерлинк, А. Блок, А. Белый, Вячислав Иванов, Ф. Сологуб (дар адабиёт), П. Гоген, М. Врубел (дар санъати тасвирӣ). Ақидаҳои адабию эстетикии Символизм электикӣ буда, ба реализм ва дигар ҷараёнҳои пешқадаму демократи қаробат надоранд ва аксаран дилсардӣ аз оламу одамбезорӣ ва яъсу ноумедиро талқин мекунанд. Намояндагони Симвализм таназзули ҷамъияти буржуазиро дарк карда бошанд ҳам, ба сабаби таърихии он сарфаҳм нарафта, инъикоси рамзию маҷозии воқеияти таърихиро пеш гирифта буданд. Адибони символист орзуҳои беасос мекарданд, ба ояндаи нек бовар надоштапд, прогресси таърихиро дуруст намефаҳмиданд. Тасвири орзуҳои беасос яке аз принсипҳои эҷодии онҳо ба шумор мерафт. Онҳо диққати хонандаро аз олами воқеӣ дур мекарданд ва тасвири хираву ноаёни ҳаётро дар адабиёт ҳунар медониставд. Асосҳои назарӣ ва фалсафии Симвализм идеалистӣ ва консервативӣ бошанд ҳам, ба сабаби инъикоси объективии бадеии зиндагӣ ва гоҳо дарки дурусти ҳаёт баъзе намояндагони он ба муваффа қияти калони эҷодӣ ноил шуда буданд. Бинобар ин эҷодиёти баъзеи онҳо аҳамияти калони бадеӣ дорад (осори Э. Верхарн, М. Метерлинк, А. Рембо (Франсия), В. Брюсов, А. Блок ва дигарон (Россия). Символизм дар аксари навъҳои санъат намояндагон дорад. Дар театри Симвализм бар хилофи театри реалистӣ на ҳақиқати ҳаётӣ ва заминаи реалии матни асар, балки афкору образҳои рамзии саҳнавӣ, олами «ғайб» ва сарпеч роли калон бозида, ҷои сухану муколамаҳои зиндаро бештар амалиёти ғайриратсионалӣ, стихиявию пурэҳсос ишғол мекарданд. Режиссёрон услуби шартӣ, оҳангу мусиқӣ ва рамзро бештар истифода мебурданд. Симвализм дар санъати тасвирӣ ва дигар навъҳои санъат камтар мавқеъ дошт. Набудани мазмуни иҷтимоӣ, мушкилфаҳмӣ, майл ба формализму мистисизм ба асарҳои Симвализми санъати тасвирӣ хос мебошад. Симвализм ва услуб, равияю тасвирҳои ба он алоқамандро бо символу символика ва бо семиотика омехтан нодуруст аст. Агар символ моҳияту мазмуни чиз, предмет, калима, образ, тасвирро ба таври рамзӣ ифода намояд, символика дар адабиёт ва санъат ҳамчун маҷмӯи рамз ва нишонаҳои шартӣ истифода мешавад. Дар тамоми метод, ҷараён, майлон ва сабкҳои адабиву бадеии адабиёту санъати олам тасвирҳои рамзӣ (символӣ) ва символика дучор меояд. Дар эҷодиёти халқ, дар романтизм, реализм образҳои рамзӣ ва символика ифодакунандан идея ва идеалҳои олӣ, образҳои барҷаста ва ҳодисаҳои бузург мебошанд. Дар осори романтикҳои реаксионӣ, символистон, модернистон, сюрреалистон ва дигар рамз нишонаи эҳсосоти фарди олами бегона ва ишорае ба ҷаҳони фонист. Адабиёти реализми сотсиалистӣ символ ва символикаро ҳамчун воситаи тасвири бадеӣ фаровон истифода мебарад.

                                                                               С. Табаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …