Маълумоти охирин

СИЛОС

СИЛОС (испанӣ —silos , аз silo зерканд, чоҳи ғалладона), хӯроки сершираест ки бо роши консервонӣ тайёр карда мешавад. Силосро аз ҷуворимакка, картошка, офтобпараст, мушунгу сулӣ ва ғайра тайëр мекунанд. Қимати хӯрокии Силос ба намуди растанӣ, инкишофи он дар давраи ҳосилғундорӣ, технологияи силосхобонӣ ва шароити нигоҳдории он вобаста аст. 100 кг Силоси офтобпараст қариб 16 воқиди хӯрокӣ, 1,4 кг протеини қозим, 350 г калсий, 160 г фосфор ва 1500 мг каротин; 100 кг Силоси ҷуворимакка қариб 20 воқиди хӯрокӣ, 1,4 кг протеини қозим, 150 г калсий, 50 г фосфор, 1500 мг каротин; 100 кг Смлоси юнучқа 18 воҳиди хӯрокӣ, 2,8 кг протеини хозим, 600 г калсий, 60 г фосфор ва 2500 мг каротин дорад. Ранги Силоси хуб зарди кабудтоби кушод, зардча мешавад; Силоси сахттафсида ранги қаҳвагии тирагун дорад. Бӯи очори карам ва меваро модиҳад; ҳангоми сахт худ аз худ тафсидан бӯи нони навпухта ё асал, ҳангоми гандидан бӯи шӯртани вайрон ва поруро дорад. Силос бояд нарм бошад; часпакии Силос аломати гандидани он аст. Ҳангоми намии қариб 70% рН (нишондиҳандаи гидрогенӣ)-и Силоси хуб 4,2 буда, шангоми намии 65% каме зиёд мешавад. Силос кори узвҳои ҳозимаро беҳтар намуда, ба хубтар истифода бурдани дигар хӯрокиҳо, махсусан хӯрокишои дурушт мусоидат мекунад. Силосро ба ҳамаи ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ медиҳанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …