Маълумоти охирин

СИЛА

СИЛА, ҳаққи қалами муаллиф, подоше, ки ба муаллифи асарҳои бадеӣ, илмӣ, санъат ва ё ба ворисони ӯ дода мешавад (нигаред Ҳуқуқи муаллифӣ). Дар СССР тартиби додани Сила ва ҳаҷми онро Совети Вазирони СССР ва Совети Вазирони республикаҳои иттифоқӣ муқаррар мекунанд. Масалан, дар қарори Совети Вазирони Республикаи Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистон аз 10 августи соли 1977 «Дар бораи ҳаққи қалами муаллиф барои нашри адабиёти бадеӣ, илмӣ ва санъат» Сила ё худ ҳаққи қалами муаллиф барои нашри адабиёти бадеӣ, сиёсӣ, илмӣ, таълимӣ ва ғайра ҳамчунин тарзи пардохт ба таҳриру тақризи ин асарҳо муайян шудааст. Андозаи ҳаққи қалами муаллифро барои намоиши оммавии асарҳои адабиёт ва санъат қарори Совети Вазирони Республикаи Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистон аз 21 июни соли 1976 пешбинӣ кардааст. Андозаи Сила мувофиқи шартномаи муаллифи муайян мешавад. Агар ҳаҷми Сила пешакӣ муқаррар нашуда бошад, андозаи ҳаққи қалам бо ризоияти тарафайн (масалан, муаллиф ва нашриёт) муқаррар карда мешавад.

Одатан муаллиф ҳаққи қалами асари офаридаашро ҳам ҳангоми бори аввал истифода шудани асар ва ҳам барои истифодаи минбаъдаи он (нашри такрор, дар театр, ё консерт иҷро кардан, зиёдкунии нусхаи кинофилм ё телефилм ва ғайра) мегирад. Ҳаҷми Сила ё худ ҳаққи қалам ба намуди асар, ҳаҷм, актуалӣ будани мавзӯи асар, шумораи нашр ва дар баъзе ҳолатҳо ба тираж вобаста аст. Ба ворисони муаллиф Сила ё ҳаққи қалам дар ҳаҷме, ки қонун пешбинӣ кардааст, дода мешавад.

С. Умаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …