Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / СИДДИҚИИ ҲУСАЙНИ Низомуддин Аҳмад ибни Муҳаммадсолеҳ

СИДДИҚИИ ҲУСАЙНИ Низомуддин Аҳмад ибни Муҳаммадсолеҳ

СИДДИҚИИ ҲУСАЙНИ  Низомуддин Аҳмад ибни Муҳаммадсолеҳ (таваллудаш байни сооҳои 1600—1610, деҳаи Баҳлури тобеи Лакҳнав — соли вафоташ. номаълум), адиби форсизабони Ҳиндустон. Аз оилаи марди донишманд. Аҷдоди Сиддиқ аз Ҳирот ба Ҳиндустон рафтаанд. Сиддиқ илмҳои гуногуни замонро аз падараш омӯхта, дар ҷодаи зиндагӣ ва эҷодиёт роҳи ӯро пеш гирифтааст. Аз Сиддиқ як асари калонҳаҷми «Каромот-ул-авлиё» (дар шарҳи ҳоли намояндагони маъруфи дину тасаввуф), «Маҷмаъ -ус- саноеъ» ва шеърҳои пароканда боқӣ мондаанд.

М.Муллоаҳмадов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …