ШОҲИН Муҳаммад Шамсуддин-махдум (1857, Бухоро —1894, Қаршӣ), шоири маорифпарвари тоҷик. Аҷдодаш аз Кулоб буданд. Ш. дар хурдсолӣ савод бароварда, аз 11—12 солагӣ ба шеъру адаб шавқу майли калон дошта, дар 12—14 солагӣ ҳунари хаттотиро аз худ намуд. Ҳангомн таҳсил дар Мадраса Ш. илова бар улуми динӣ оид ба илмҳои таъриху адабиёт, тиббу нуҷум ва махсусан дар санъати сухан дониши хубе андухт. Дар ҳамин солҳо у бо ғазалиёт ва шеърҳои лирикиаш дар Бухоро машҳур шуд ва бо ташвиқи дустонаш дар мадҳи амир Музаффар чанд қасида навишта, дар доираи дарбор ҳам маълум гардид.
Ш. тақрибан с. 1885 мадрасаро хатм намуда, назди яке аз маъмурони дарбор вазифаи мирзогиро ба уҳда гирифт. Баъди ба тахти аморат нишастани Абдулаҳад ба дарбор наздиктар шуд. Шиносоӣ бо асарҳои Аҳмади Дониш тамоми разолати аморат ва ҳомиёни уро дар назари Ш. боз ҳам равшантар аён намуданд. Ш. акнун аз хидмати амир халосӣ меҷуст. Аммо амир уро аз рикоби худ қасдан дур намекард. Ҳангоми яке аз сафарҳо дар рикоби амир дар Қаршӣ вафот кард. Мероси адабии Ш. аз девони ашъор, маснавии «Лайлӣ ва Маҷнун», маснавии нотамоми «Туҳфаи дустон» ва асари мансури «Бадоеъ-ус-саноеъ» иборат аст.
Девони Ш.-ро баъди маргаш Садри Зиё гирд оварданӣ шуд. Баъди у Мирзо Муҳаммад Қобили Ғиждувонӣ ном шахсе, дар тули бештар аз 40 сол осори Ш.-ро ҷамъ оварда, с. 1036 «Куллиёт»-и уро тартиб дод, ки аз бахшҳои ғазалиёт, қасоид, «Бадоеъ-ус-саноеъ», «Лайлӣ ва Маҷнун» иборат аст. Аммо маснавии «Туҳфаи дӯстон» аз сабаби дастрас набуданаш аз «Куллиёт» берун мондааст. Осори Ш. то ҳол пурра ҷамъоварӣ нашудааст. Дар баёзҳо ва ҷангҳои ох. а. 19 ва ибт. а. 20 ашъори зиёдаш ба назар мерасанд. Ш. аз шоиронест, ки дар тамоми навъҳои маъмули назми классикии тоҷик (ғазал, қасида, рубоӣ, қитъа, мусаддас, мухаммас, маснавӣ) асар эҷод кардааст. Вале у пойбанди тақлиди гузаштагон набуд ва назмро бо мазмунҳои нави замони худ ғанӣ гардонд. Муҳимтари қисмати мероси адабии Ш. лирика мебошад, ки дар он ишқ, ҳолатҳои гуногуни руҳонии ошиқу маъшуқ, зебоиҳои маъшуқа тараннум шудаанд. Ш. лирикаро бо мазмуни иҷтимоӣ бой кард. Дар ғ0азалиёт ва манзумаҳои Ш. танқиди иллатҳои иҷтимоии замон мавқеи муҳиме дорад. У дар шеърҳояш аз носозгории рузгори худ ва ситами замона шикоятҳои талх кардааст, ҷаҳлу разолат ва фасоди ахлоқу ашроф ва табақаи ҳукмронро танқид намудааст. Азбаски Ш.бо дарбор робита дошт, дар осори лирикии у мадҳияҳо низ кам нестанд. Аммо Ш. дар бисьёр мадҳияҳояш баробари тавсиф ва ситоиши ҳукмрони замон ғояҳои адолат ва раиятпарвариро низ талқин кардааст. Дар мероси адабии III. шеърҳои ҳаҷвӣ низ бисьёранд. Дар онҳо у мавзӯи танқиди иҷтимоиро бо воситаҳои бадеии ҳаҷв ва мутоиба ифода намудааст. Ш. аз намояндагони барҷастаи ҷараёни маорифпарварии адабиёти ох. а. 19 тоҷик буд. Вай ақидаҳои маорифпарварии Аҳмади Донишро дар назм ва насри бадеӣ инъикос намуд. Ш. дар идораи давлат ҷорӣ намудани интизому тартиботи одилонаро тарғиб мекард, ривоҷи илму маърифат ва донишҳои дуньявиро омили ривоҷу равнақи ҷамъият медонист, ҷаҳолату нодонии синфи
Ҳукмрон ва таассубу хурофотпарастии уламои дин, тарзи куҳнаи таҳсили мактабу мадрасаро танқид мекард ва ҳамаи инро сабаби пасмондагӣ ва ғафлатзадагии мардуи медонист. Ин афкори пешқадам ва далеронаи Ш. дар ғазалиёт ва манзумаҳои гуногуни Ш., махсусан дар маснавии «Туҳфаи дӯстон» ва асари бадеии мансури ӯ «Бадоеъ-ус-саноеъ» равшан ифода гардидаанд. Маснавии иҷтимоию ахлоқии «Туҳфаи дӯстон»-ро Ш. с. 1890 дар пайравии «Бӯстон»-и Саъдӣ навиштааст.
Дар «Бадоеъ-ус-саноеъ» Ш. афкори маорифпарварии Аҳмади Донишро ривоҷ додааст. Азбаски ин китоб асари охирини Ш. аст, дар он рушду таҳаввули афкори у ба назар мерасад. Худи Ш. онро чун як навъ шикоятнома аз рӯзгор ба қалам медиҳад. Дар китоб тартиботи ҷамъиятӣ, саркардагони давлатӣ ҳаҷву мазаммат шудаанд. Услуб ва забони ашъори Ш. дар инкишофи назм таъсири калон дошт. Ш. аз забони халқ, эҷодиёти даҳонакӣ устодона истифода бурда аст. «Бадоеъ-ус-саноеъ»-и Ш., ки ба насри мусаҷҷаъ нигошта шудааст, ганҷинаи ҳикмату зарбулмасалҳои халқӣ, таъбирҳои рехтаи пурмазмуни худи Ш., намунаи беҳтарини ба тарзи мухтасар баён намудани фикрҳои баланд мебошад. Ш. соли 1886 дар муддати як моҳ ба ёди завҷаи нокомаш достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-ро дар пайравии Низомӣ ва Амир Хусрав таълиф намуд.
Ос.: Ашъори мунтахаб. Сталинобод. 1959.