Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШМИДТ Отто Юльевич

ШМИДТ Отто Юльевич

shmidt-o-yu

ШМИДТ Отто Юльевич (30. 9. 1891, Могилёв—7. 9. 1966, Москва), олим, арбоби давлатӣ ва ҷамъиятии советӣ, яке аз ташкилотчиёни Роҳи баҳрии шимолӣ, акад. (1935), ноиб-президенти АФ СССР (1939 — 42), акад. АФ РССУ (1934), Қаҳрамони Итти-фоқи Советӣ (1937).    Аъзои КПСС аз с. 1918. Аъзои комиссариатҳои халқӣ оид ба хурокворӣ, молия ва маориф (1918-—21). С-ҳои 1932—39 сардори Роҳи баҳрии шимолӣ буд. Ба инспексияҳо дар киштиҳои «Седов» (1929— 30), «Сибиряков» (1932), «Челюскив» (1933—34), экспедицияи ҳавоӣ оид ба ташкил карданист. «Северный полюс-1» (1937) роҳбарӣ кард. Доир ба пайдоиши Замин ва сайёраҳои системаи Офтоб фарзияи нави космогенӣ (фарзияи Ш.)-ро пеш ниҳод. Оид ба алгебраи олӣ (назарияи гуруҳҳо) асарҳо таълиф намуд. Яке аз асосгузорони Энциклопедияи Калони Советӣ (1924—41), аъзои КИМ-и СССР буд. Депутати Советӣ Олии СССР (1937—46).

Ас.:  Избранные труды, т. 1—3. М..1059—60.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …