Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШИЗОФРЕНИЯ

ШИЗОФРЕНИЯ

shizofreniya

ШИЗОФРЕНИЯ (аз юн. schizo — таҷзия мекунам ва phren — адл, фикр), як навъ бемории руҳиро гуянд. Сабаби Ш. алҳол маълум нест. Вобаста ба шакли Ш. дар шахс зуҳуроти гуногуни ихтилоли фаъолияти руҳӣ, яъне васваса, таваҳҳум (галлюцинация), ҳаяҷон, ё баръакс карахтӣ ба вуҷуд омада, ба қадри инкишофи беморӣ қувват мегирад. Нишонаҳои аввалини Ш. ба нишонаҳои диг. бемориҳои рудҳӣ монанд аст. Вале ҳангоми Ш. руҳия 6 ба таври дигар гуем, шахсияти беморон тадриҷан дигаргун мешавад. Дараҷаи зуҳуроти тағйирот ба шакли Ш., давраҳои ҷараёни беморӣ ё суръати инкишофи он вобаста аст. Психпатрияи ҳозира ба ҳама навъҳои Ш. бо усулҳои гуногун таъсири муолиҷавӣ расонида метавонад. Оид ба ҳолати бемор, имкониятҳои муолиҷаи амбулаторӣ ё зарурияти ба беморхона хобондани шахси гирифтори Ш. фақат духтур фикру мулоҳиза мекунад. Худмуолиҷакунӣ бисьёр вақт боиси авҷгирии Ш. мегардад. Масъалан интихоб ё тағйир додани касбу кор бояд бо иштироки духтури бемориҳои руҳӣ ва бар нафъи бемор ҳал гардад.

Ад.: Левинсон А. Я., Циркулярная шизофрения, Д., 1968; Гу л я м о в М. Г., Бессонов Ю. В., психопатологические механизмы социальных действий больных прогредиентной параноидной шизофренией с синдромом Кандинского, Невропатологии и психиатрии им. С. С. Корсакова, 1984, М.Ғ. Ғуломов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …