Маълумоти охирин

ШИРМОЛ

ШИРМОЛ, як навь нон, ки аз қадим дар байни халқҳои Шарқ, аз ҷумла тоҷикон маъмул аст. Хамири Ш.-ро аз орди гандум, нахуди куфта тайёр мекунанд. Ба ин хамир (хамири Ш. бояд сахт бошад), андак шакар, зира, равғани гусфанд ҳамроҳ менамоянд. Дар баъзе маҳалҳои Ленинобод ба хамири Ш. барои хушхур шуданаш ба ҷои зира чормағзи куфта меандозанд. Баъд завола (вазни ҳар- кадомаш тақр. 400 г) гирифта, тунук мекунанд. Қутри он одатан 20—25 см буда, канорҳои Ш.-и тунук нисбатан ғафс аст. Ба миёнаҷои он нонпар зада, ба канорҳояш ба таври дилхоҳ нақш мебанданд. Дар Самарқанд, Панҷакенту Айнӣ, Ғончию Уротеппа ва ғ. ба руи Ш. пеш аз ба танур часпондан ҷурғот мемоланд.

non

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …