ШИР, лобан, моегиеро гуянд, ки дар ғадуди шири одаму ҳайвоноти ширхор ҳосил мешавад. Ш.-и чорво маҳсулоти пурбаҳои хурокист. Асосан Ш.-и гов, қисман Ш.-и буз, меш, байтал, шутур, говмеш, зебу, гажгов (қутос), гавазни шимолӣ ва ғ-po истифода мебаранд. Аз Ш.-и чорво маҳсулоти гуногуни ширӣ, равған, яхмос тайёр мекунанд.
Таркиби Ш.-я гов чунин аст: об 87%; қанд 4,7%; равған 3,9%; сафеда 3,2%; моддаҳои минералӣ 0,7%; витамину ферментҳо.