Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ШИБИРҒОН

Шаҳри ШИБИРҒОН

ШИБИРҒОН, Шибaрғон, шаҳрест дар қисми шим. Афғонистон. Дар водии поёноби д. Сафед, дар ҳамвории Бохтар воқеъ гаштааст. Маркази маъмурии музофоти Ҷузҷон. Аҳолиаш 59 ҳаз. наф. (1975). Аз Ш. роҳи автомобилгарди Мазори-шариф — Ҳирот мегузарад. Дар Ш. қолинбофӣ ва ҳунармандӣ (ҳаргуна асбобҳои рузгор) ривоҷ ёфтааст. Ш. маркази ноҳияи чорводорӣ (парвариши гусфандҳои қароқулӣ) ва маҳсулоти х. қ- мебошад. Аз наздикии Ш. гази табиӣ истихроҷ мекунанд, ки як қисми он бо қубур ба СОСР фиристода мешавад.

afghoniston

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …