Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШЕВЧЕНКО Тарас Григорьевич

ШЕВЧЕНКО Тарас Григорьевич

 shevchenko-t-g

ШЕВЧЕНКО Тарас Григорьевич (9. 3. 1814,. деҳаи Моринцы, ҳозира p-ни Звенигороди вил. Черкас—10.- 3.1861, Петербург), шоир, рассом, му-тафакир ва революционери демократи украин. С. 1840 нахустин маҷм. асарҳои манзуми Шевенко «Кобзарь» аз чоп баромад. Дар калонтарин достони таърихи и Шевченко «Гайдамакҳо» (1341) шуришн бузурги халқи украин бар зидди феодалони поляк (1786) тасвир шудааст. Шеъру достонҳои Шевченко. «лоб» (1844) ва «Кавказ» (1845) дар инкишофи лирика ва ҳаҷви сиёсии украин марҳилаи наве гардиданд. Дар шеъри «Васият» (1845) мардумро ошкоро ба сарнагун намудани ҳукумати подшоҳӣ даъват кардааст. Шевченко ду бор бадарға шуд: апр. 1847 ба қалъаи Орск; с. 1850 ба Но-вопетровск. С. 1857 баъди марги Николаи I аз бадарға озод гардид. Дар бадарға шеърҳои революционӣ эҷод кардааст. Баҳори 1858 ба Петербург омад ва дар ин ҷо бо Н. Г. Чернышевский, Н. А. Добролюбов, Н. А. Некрасов ва диг. қаробат пайдо кард. Ҳаҷваш тезу тундтар гардид. С-ҳои 1857—61 назми Шевченко ба авҷи инкишоф расид. Шевченко чун рассом низ машҳур аст: «Катерина» (1842), «Украинаи зебоманзар» (нашр. 1844), «Автопортрет» (1840— 41) ва ғ. Ашъори Шевченко бо анъаиаҳои назми халқӣ робитаи қавӣ дорад. Шевченко асосгузори адабиёти нави украин, саромади реализм ва равияи демократии революционӣ дар адабиёту санъати наққошии Украина мебошад. Асарҳои у ба бисёр забонҳои ҷаҳон, аз ҷумла, забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Шевченко бо таъбири М. Турсунзода «барои тараққии шеъри инқилобии тоҷик ҳисса гузоштааст». Шоирони тоҷик ба бисьёр шеърҳои у, махсусан, ба шеъри «Васият» ҳамовозӣ кардаанд. Образи Шевченко диққати бисьёр нависандагони тоҷикро ба суи худ кашидааст. Мас., як боби достони «Мавҷҳои Днепр»-и М. Қаноат «Мавҷ дар пешонаи поки Тарас» ном дорад. Боби «Маҷди ханда»-и ҳамин достон аз таъсири саргузашта қаҳрамони машҳури Шевченко— Катерина ба вуҷуд омадааст. Дар Киев, Канев, деҳаҳои Шевченко ва Моринцы, дар Ленинград, Орск ва диг. шаҳру деҳот музейҳои Шевченко вуҷуд доранд. Инти адабиёти АФ РССУ, Ун-ти Киев ва Ин-ти давлатии педагогии Душанбе ба номи Шевченко гузошта шудаанд. Бисьёр мактабу китобхона ва кучаю кинотеатрҳои Тоҷикистон номи Шевченкоро доранд. Дар Украина мукофоти Шевченко таъсис бфтааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …