Маълумоти охирин
Главная / Илм / ШЕВАШИНОСӢ

ШЕВАШИНОСӢ

ШЕВАШИНОСӢ, диалектология, як қисми забоншиносист, ки лаҳҷа ва шеваҳои маҳаллии забонро меомузад. Шевашиносӣ ду навъ мешавад: тасвирӣ ва таърихӣ. Шевашиносии тасвирӣ манзараи имрузаи лаҳҷа ва шеваҳои маҳаллиро меомӯзад. Вай аз рӯи зарурат барои таъин намудани баъзе ҳодисаҳо гоҳо ба фактҳои таърихӣ муроҷиат мекунад. Вазифаи Шевашиносии таърихӣ низ басо мураккаб аст: бояд нишон диҳад, ки ягон ҷиҳати системаи нутқи шевагӣ дар тули асрҳо чӣ гуна тағйир ёфтааст, кадом ҳодисаҳо ба чӣ ваҷҳ зуҳур кардаанд, сабаби барҳам хурдани ҳодисаҳои дигар дар шароити муайяни таърихӣ аз чӣ иборат аст. Ду роҳи тадқиқи таърихии шеваҳо маъмул аст. Роҳи якум хусусияти лаҳҷавии осори хаттии қадимро мавзӯи омӯзиш қарор медиҳад. Роҳи дуюм методи муқоисавӣ-таърихӣ аст, ки дар он муҳақиқ сохти шеваҳои имрӯзаро таҳқиқ намуда, ҳамаи қабатҳои навбуньёдро дар он дараҷа ба дараҷа ҷудо карда, ба ин восита системаеро, ки дар қадим махсуси шеваҳо буд, муқаррар менамояд.

Шевашиносӣ барои омӯзиши таърихи дар халқ ва забони он материали пурарзиш медиҳад, зеро лаҳҷа ва шеваҳо аз забони адабӣ қадимтар буда, аксаран фактҳоеро фаро мегиранд, ки собиқаи ба тамоми шохаҳои забон дахл дошта, дар шакли адабии он акс наёфтаанд. То а. 19 ҳодисаҳои шевагӣ ҳамчун «забони адабии вайрони», ҳамчун натиҷаи таърифи мардуми бесавод маънидод мешудаид. Дар авв. а. 19 дар Европа шавқи омӯзиши маданияти халқ, аз ҷумла забони он, зиёд шуд. Дар охири ин аср доир ба шеваи забонҳои зиёд материали тадқиқотии зиёде ба майдон омад. Дар натиҷа Шевашиносӣ аз этнография ва фольклоршиносӣ комилан ҷудо гардида, забоншиносӣ (лингвистика)-и ҷуғрофӣ пайдо шуд. Дар а. 20 дар бисьёр забонҳо атласи шеваи миллӣ ва ё минтақае сохта шуданд. Шевашиносии тоҷик зодаи Октябри Кабир аст. Ташаккул ва инкишофи он ба фаъолияти олимони рус алоқаманд аст. Баробари таъсис ёфтани республикаи Тоҷикистон барои омузиши шеваҳои забони тоҷикӣ комиссияи махсусе ташкил дода шуд, ки натиҷаи тафтиш ва тадқиқоти он дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои забони адабии миллии тоҷик ёрӣ расонд. Шуъбаи таърихи забон ва шевашиносии Инти забон ва адабиёти ба номи Рудакии АФ РСС Тоҷ. яке аз серлаҳҷатарин шеваҳо — шеваи ҷанубиро дар панҷ китоб ҷамъбаст кардааст, ки дар он бори аввал дар таърихи Шевашиносии  тоҷик тамоми системаҳои забон чун системаи яклухт тадқиқ шудаанд. Тадвини луғати шеваҳо низ аз муҳимтарин масъалаҳои Шевашиносӣ буда, имрӯз босуръат пеш меравад. Шуъбаи таърихи забон ва шевашиносӣ луғати шеваи ҷанубиро ба чоп тайёр намуд, ки бештар аз 17.000 моддаи луғавиро фаро мегирад. Ии луғатҳо дар тадвини луғати ҷомеаи шеваҳои забони тоҷикӣ манбае мебошанд.

Р. Ғаффоров.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …