Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШОУ Роберт Беркли

ШОУ Роберт Беркли

ШОУ Роберт Беркли (19. 7. 1839, Клептони Боло, Англия—15. 6. 1879, Мандалай, Бирма), забоншинос, этнограф ва сайёҳи англис. Дубор (1868—70) ба шаҳрҳои Ёрканд ва Кошғари Туркистони Шарқӣ фар кардааст. Ҳангоми мусофират ба ғайр аз тиҷорат ва корҳои дипломатӣ Ш. ба омӯзшпи забон, урф, одат, таъриху маданияти сокинониин шаҳрҳо машғул шуд. У нахустин муҳаққиқи забонҳои помирӣ мебошад. Дар асари «Забонҳои ғалча», (1876) оид ба сохти грамматикии забонҳои вахонӣ, сарикулӣ ва шуғнонӣ маълумот додааст. Дар охири асар 40 калимаи забонҳои зикршуда, инчунин забонҳои дигари помирӣ санглиҷӣ ва мунҷониро ба якдигар муқоиса кардааст. Дар асари дигари Ш. «Оид ба забони шугаӣ» (1877) хусусиятҳои грамматикии забонҳои Шугай (шуғнонӣ) ва рушонӣ тахқиқ шудаанд. Асар бо луғати забони шуғнонӣ (300 воҳиди луғавӣ) хотима ёфтааст. Ш. дар техники забонҳои помирӣ аз материалҳои забонҳои дигари эронӣ истифода кардааст.

Ос.: Очерки Верхней Татарии, Яркенда. и Кашгара, Санктпетербург, 1872 (тарҷ. аз англисӣ); The Ghalchah Languages (Wachl and Sarlcoll, Journal of the Asiatic Society of Bengal. vol. XLX, Part 1, Aft 11, Calcutta, 1876; On the Asiatic Society of Bengal, Part 1, Л» 11, Calcutta, 1877.

Ад.: 3алeман К. Г., Шугнанский словарь Ц. Л. Иванова, дар кит.: Восточные заметки, Санктпетербург, 1895.

  1. Қурбонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …