ШАВЛА, шулла як навъ таоми миллиро гӯянд. Масолеҳи асосиаш равған, гӯшт, биринҷ, пиёз ва сабзӣ. Гӯштро дар равған бирён карда, ба он пиёзу сабзии поракарда меандозанд. Баъди ба дег об рехта камтар ҷӯшонидан намак, адвиёт ва биринҷи тоза шустаро андохта, боз маҳин меҷӯшонанд. Ҳангоми ҷӯшонидан дегро гоҳ-гоҳ бо кафгир мекобанд. Пас аз обро тамом ҷаббидани биринҷ, ки Шавла тайёр мешавад, оташро хомӯш карда, даҳони дегро бо сарпӯш пӯшида, 10—15 дақиқа дам медиҳанд.
Tags Хуроки миллӣ
Инчунин кобед
САФИНА
САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …