Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШАРТНОМАИ КОЛЛЕКТИВӢ

ШАРТНОМАИ КОЛЛЕКТИВӢ

ШАРТНОМАИ КОЛЛЕКТИВӢ, 1) дар СССР шартномаи байни корхона (маъмурият) ва коллективи коргарону хизматчиён (дар шахси комитети фабрика, завод, иттифоқи касаба) аст, ки ҳар сол баста мешавад. Дар он уҳдарориҳои муайяни тарафайн роҷеъ ба иҷрои планҳои истеҳсолӣ, беҳтар намудани шароити меҳнат ва маишат, хизматрасонии маданию маишӣ, баланд бардоштани ихтисоси коргарон ва ғ. сабт мешаванд. 2) Дар мамлакатҳои капиталистӣ Шартномаи Коллективӣ байни намояндагони соҳибкор ва меҳнаткашон доир ба шароити меҳнат, музди кор ва ҳудуди ташкилотҳои муассисаҳои коргарӣ дар корхона баста мешавад.

shartnomai-kollektivi

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …