Маълумоти охирин

ШАРИАТ

ШАРИАТ (ap.—қонун, ҳукм), 1) дар ислом, маҷмӯи қоидаю қонунҳои динӣ, нормаҳои ахлоқӣ, гражданию сиёсӣ ва ҷиноиест, ки барои ҳамаи мусулмонон воҷиб буда, гӯё мӯъминонро аз шар ва гумроҳӣ амин медоштааст. Асоси Шариат ва маънои истилоҳии он дар сураи «ҷосия»-и Қуръон, таъкид шудааст.

shariat

Манбаи асосии Шариат Қуръон, суннат, қиёс, иҷмоъ, фатво ва одат мебошад. Аз байни онҳо Қуръон ва суннат манбаи асосӣ ба шумор рафта, дигар манбаъҳо бояд ба ғояи асосии онҳо мувофиқат кунанд. Аз ин рӯ, доираи фаъолияти муташарреон (қонунгузорон)-и исломӣ нисбатан маҳдуд буда, танҳо масоили ҳуқуқиеро мустақилона ҳал карда метавонанд, ки дар бораи онҳо дар Қуръон ва суннат ишорае нашудааст.

Аввалин бор чунин маҷмуи қоидаю қонунҳои шаръию диниро асосгузорони мазҳаби суннии ҳанифияю моликия ва шофеияю ҳаанбалия мураттаб карданд. Минбаъд дигар намояндагони равияю мазҳабҳои динӣ онро тағйиру такмил доданд. Бинобар он системаи ҳуқуқии Шартиати аҳли суннату шиа дорои баъзе тафовутҳо бошад ҳам, ҳамаи онҳо доир ба масъалаҳои умдаи шаръи ақидаи муштарак доранд.

Аҳкоми Шариатро маъмулан ба ду гурӯҳ — ахлоқи динӣ ва ҳуқуқӣ ҷудо мекунанд. Асоси ахлоқи диниро аркони дин — калимаи шаҳодат, намозг, рӯза, закот ва ҳаҷ ташкил медиҳад. Асоси ҳуқуқии Шариат муносибатҳои оилавию сиёсӣ ва шаръӣ мебошад, ки ба он ҳуқуқи молумулкӣ, меросӣ, амонату замонат, кафолат ва ҷиноию гражданӣ, истифодаи замин ва ғ. дохил мешаванд. Аввалҳо тамоми умури шариат бо амру наҳй ё худ ҳалолу ҳаром марбут буд. Баъд он нисбатан такмил ёфта, ба 5 нуқтаи асосӣ ҷудо шуд: фарз ё воҷиб — рафтору кирдорест, ки мутобиқи онҳо амал кардан савоб ва тарки онҳо иқоб (гуноҳ) аст ва барои ҳамаи мусулмонон ҳатмист: мандуб — рафторест, ки иҷрои онҳо савоб буда, таркашон гуноҳ нест; мубод ё ҷоиз — маҷмуи рафторест, ки Шариат иҷрои онро амру наҳй нафармудааст; макруҳ — рафторест, ки мувофиқи Шариат гуноҳ набошад ҳам тарки онҳо пешниҳод мешавад; ҳаром—афъолест, ки Шариат иҷрои онҳоро гуноҳ шуморида, ба он ҷазоҳои гуногун таъин кардааст. Бо сабабҳои гуногун ва дар шароити муайян ҳукми шаръӣ тағйир ёфта, баъзе умури ҳаром гоҳе мубод, гоҳе мандуб, гоҳе макруҳ ва гоҳе воҷиб дониста мешавад.

Шариат дар тамоми давраи асрҳои миёна дар мамлакатҳои Шарқи мусулмонӣ роли ҳалкунанда бозида, манфиати синфи ҳукмронро ҳимоя намудааст ва ба истисмори халқи меҳнаткаш мусоидат кардааст. Он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию маданӣ реша давонида, ҳатто ба бисьёр масъалаҳои оилаю рӯзгор ва ҳаёти рӯзмарраи меҳнаткашон таъсири манфӣ расонда, мавқеи руҳониён ва зимомдорони ҳокимиятро мустаҳкам намудааст.

Баъди ғалабап Рев. Каб. Соц. Октябрь дар республикаҳои Шарқи Советӣ Шариат мавқеи ҳукмронии худро аз даст дод ва ба ҷои он қонунҳои нави социалистӣ дар амал ҷорӣ шуданд. Дар мамлакатҳои тараққикардаи Шарқи мусулмонӣ бошад, аз а. 19 cap карда системаи ҳуқуқи буржуазӣ ба Шариати исломӣ ислоҳот даровард ва ҳоло ин ҷараён бештар идома дорад. 2) яке аз зинаҳои асосии тасаввуф мебошад, ки онро бояд солик ҳангоми гуазштан аз зинаҳои сайру сулук пеш аз тариқат тай кунад. Ниг. низ. Фиқҳ.

Ад.: Петрушевский И. П., Ислам в Иране в VII—XV веках. Л., 1966; Муллаев М., Происхождение и реакционная сущность шариата, Д., 1967; Маялютов Р. Р.. Ислам, М., 1969; Керимов Г. М., Шариат и его социальная сущность, М., 1978; Масса А., Ислам, М., 1982.

Ҳ.Наққош, М. Ҳазратқулов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …