Маълумоти охирин

ШАРҲ

ШАРҲ, асар ё рисолае, ки дар тафсиру эҷоди ягон асари бадеӣ ё илмӣ навишта мешавад. Шарҳнависӣ таърихи қадим дорад. Дар давраи Сосониён Авесто тарҷума ва тафсир карда шуд, ки он Занд ном дошт. Шарҳҳои зиёде дар а-ҳои 10—20 аз тарафи шахсони гуногун таълиф ёфтаанд. Мас., Сироҷуддин Алихони Орзу (а. 18) ба «Искандарнома»-и Низомӣ бо номи «Шукуфаи роз», ба касоиди Урфии Шерозӣ бо номи «Шарқи касоиди Урфӣ», ба «Гулистон»-и Саъдӣ бо номи «Хиёбони Гулистон», ба ғазалҳои Хоқонӣ—бо home «Шарҳи Хоқонӣ» Шарҳ навишта буд. Ба дигар достонҳои «Хамса»-и Низомӣ, «Гулистон» ва «Бӯстон»-и Саъдӣ, асарҳои Анварӣ, Ҳоқонӣ, Саноӣ, Бадри Чочӣ ва диг. Шарҳҳо мавҷуданд. Дар асари Муҳаммад Ғиёсиддин «Баҳори борон — шарҳи Гулистон» (а.19) аксар Шарҳҳои ба «Гулистон»-и Саъдӣ навишташуда ҷамъбаст гардидаанд. Дар боби Ҳофизи Шерозӣ Шарҳи Сууди, ки с. 1595 ба забони туркӣ таълиф шуда, баъдтар ба форсӣ тарҷума гардидааст, эътибори калон дорад. Дар «Баҳр-уш-шуруҳ» шарҳи девони Ҳофиз (1904; таълифи Баҳруддин Акбарободӣ) ғазалҳои Ҳофиз аз ҷиҳати тасаввуфӣ Шарҳ ёфтаанд. Гоҳо худи шоирон низ ба асарҳояшон Шарҳ навиштаанд. Мас., Ҷомӣ дар «Рисолаи шарҳи рубоиёт» 44 рубоии худашро шарҳ додааст. Шарҳҳо ба фарҳангҳо, аз ҷумла ба фарҳангҳои арабӣ ба форсӣ низ навишта мешуданд. Мас, ба фарҳанги манзуми арабӣ-форсии Абунасри Фароҳӣ «Ҳисоб-ус-сибён» (а. 19) Шарҳҳои зиёде ҳастанд, ки машҳуртаринашон Шарҳи Каримуддини Даштибаёзӣ ба шумор меравад. Ба «Тарҷумон-ул-лугот» — тарҷумаи луғати тафсирии забони арабӣ — «Қомус»-и Фирӯзободӣ ба забони форсӣ Муҳаммад Шафеи Қазвинӣ (а. 19) Шарҳ навишта буд. Шарҳҳо маълумоти фаровони адабию таърихиро фаро гирифта, барои омӯхтани адабиёти классикии форс-тоҷик аҳамияти калон доранд.            В. Капранов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …