Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАРАФУДДИНИ САМАРҚАНД

ШАРАФУДДИНИ САМАРҚАНД

ШАРАФУДДИНИ САМАРҚАНД (с. тав. ва ваф. номаълум), муаррихи тоҷики а. 17. Номи пуррааш Мулло Шарафуддин Аълам ибни Нуруддин Охунд Мулло Фарҳоди Самарқандӣ. Бино ба маълумоти А. А. Семёнов Шарафуддини Самарқандӣ соли 1680 оид ба таърихи Осиёи Миена «Таърихи касира» ном асар эҷод кардааст. Ин китоб то кунун нопайдост. Муаррихи тоҷик Саид Роқими Самарқандӣ «Таърихи касира»-ро мухтасар карда, ба он баъзе маълумотҳои тозаи а. 17-ро илова намудааст, ки бо номи «Таърихи Роқимӣ» машҳур аст.

Ад.: Абдуллоев И., Ҳикматуллоев И., Самарқандлик олимлар, Тошкент. 1969.

У. Назиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …