Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ШАМЪИ АНҶУМАН»

«ШАМЪИ АНҶУМАН»

«ШАМЪИ АНҶУМАН» тазкираест, ки Сиддиқ Сайидмуҳаммади Ҳасанхон таълиф кардааст. С. 1875 дар Бҳупол ба табъ расидааст. Шарҳи ҳоли 971 шоиронн мутаахир ва муосири муаллифро дар бар мегирад. Тартиби тазкира алифбоист. Танҳо ҳарфи аввали ном ва ё тахаллуси шоир риоя шудааст. Бо зикри Анварӣ оғоз шуда, бо Юсуфи Лакҳнавӣ ба анҷом мерасад. Тарҷумаи ҳоли муосирини муаллиф пурратар ва намунаҳо аз осорашон бештар омадааст. Зимни баёни ҳоли шоирон маъхазҳо — тазкираҳои «Таз-кират-ул-муосирин»-и Ҳазини Лоҳиҷӣ, «Яди байзо», « Натоиҷ-ул-афкор», «Хизонаи Омира», «Мардуми дида», «Сарви озод», «Оташкада» ва ғ. номбар шудаанд. Маъхази асосии «Шамъи анҷуман», «Арафот-ул-ошиқин»-и Тақиуддини Авҳадӣ будааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …