Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШАКАРОБАК

ШАКАРОБАК

ШАКАРОБАК, як навъ ангури маҳаллист. Токаш муътадил месабзад. Баргаш миёна, байзашакл, гулаш дуҷинса, хушааш миёна (ба ҳисоби миёна 150 г), донааш лунда, сабзтоб, хеле сершираи ширин (қандаш 19—20%), пусташ ғафс (1—4 то тухм дорад). Даври нашваш то 160 рўз. Нимаи якуми сент. ба пурра пухтан cap мекунад. Камҳосил (60—80 ц/га). Аз сел зарар мебинад. Токи Шакаробак ба миқдори кам дар pаёни Уротеппаи вил. Ленинобод месабзад.

Ад.: Ампелография СССР. Малораспространенные сорта винограда, т. 3, М.. 1966.

angur1

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …