Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ноҳияи ШАҲРТУЗ

Ноҳияи ШАҲРТУЗ

 ШАҲРТУЗ, район и маъмурист дар ҳайати вил. Қурғонтеппаи РСС Тоҷикстон. Санаи таъсисаш 29 авг. 1930. Масоҳ. 2336,4 км2. Аҳолиаш 55,5 ҳаз. наф. (1986). 5 С. к,, дорад: Комсомол, Пахтаобод, Сайёд, Шаҳртуз ва ба номи Ҷура Назаров. Марказаш птш. Шаҳртуз. Ҳудуди район дар соҳили рости поёноби д. Кофарниҳон ҷой гирифтааст. Рельефаш аз куҳҳои начандон баланд, адиру теппаҳо ва водиҳои каму беш ҳамвор иборат аст. Қисми зиёди ҳудуди Шаҳртузро куҳхо (к-куҳи Боботоғ — баландиаш то 2100 м, шохаи он Туюнтоғ— то 1314 м ва к. Ариқтоғ — беш аз 800 м) фаро гирифтаанд. Дар байни Туюнтоғ ва Ариқтоғ водии Бешкент (аз с. б. 400—-500 м баланд), дар канори ҷан. шарқии район водии ҳамвори Кофарниҳони Поён ва дар соҳили рости д. Аму водии Чортагал (аз с. б. 350— 400 м) воқеъ гаштаанд.

shahrtuz_district

Иқлими Шаҳртуз. хушки субтропикист. Ҳарор. миёнаи июль дар Айваҷ 31,9°С (баъзан то 46С), янв. 3С. Боришотн солона 143 мм, дар куҳҳо то 200 мм. Дарьёи Кофарниҳон қад-қадин capҳади шарқӣ ва д. Аму саросари сарҳади ҷанубии район ҷорист. Хоки куҳҳо — хокистарранги тираю муқаррарӣ, хоки теппаю адирҳо ва қисми зиёди водиҳо хокистарранги равшан. Дар водии Бешкент заминҳои шур, дар наздикии резишгоҳи д. Кофарниҳон ва водии д. Аму регзорҳо вомехуранд. Асосан растаниҳои биёбонӣ ва нимбиёбонӣ меруянд.

Асоси иқтисодиёти районро хоҷагии қишлоқ ташкпл медиҳад. Дар Шаҳртуз пахтакорӣ ва чорводорӣ (махсусан парвариши гусфандҳои қарокулӣ) тараққӣ кардааст. Боғдорӣ, обчакорӣ, парвариши меваҳои цитрусӣ ва оруи асал, инчунин ғаллакорӣ (аз ҷумла шоликорӣ) ва кишти зироати хуроки чорво ривоҷ меёбад. Киштзорҳо аз д. Кофарниҳон обёрӣ карда шуда, оби дарьё ба воситаи ст. насосӣ ба водии Бешкент бароварда мешавад.

Район с. 1986 7 к-зи пахтакор, 4 с-зи пахтакор, 1 с-зи қарокулпарварӣ, 1 с-зи боғу токдорӣ, 1 с-зи шоликорӣ, 1 муассисати байнихоҷагӣ оид ба фарбеҳкунии чорвои калони шохдор, 1 муассисаи байнихоҷагӣ оид ба фарвбедкунни гусолаҳо ва 1 ф-каи байнихоҷагии паррандапарварӣ дошт. С. 1986 дар Шаҳритуз майдони умумии кишт 16891 га (заминҳои обӣ 16499 га) буд. Корхонаҳои саноатии район: з-дҳои пахтатозакунӣ, нон ва комб-и хизмати маишӣ.

Соли хониши 1985/86 район 8 мактаби ибтидоӣ, 6 мактаби ҳаштсола, 28 мактаби миёна, 2 омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ ва 21 муассисаи томактабӣ дошт. 17 китобхона, 4 хонаи маданият, 13 клуб ва 20 дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ мавҷуд аст. Район 2 касалхона, 3 поликлиника, 1 консултацияи занона, 1 диспансер, 1 ст. санитарию эпидемиологӣ, 29 пункти тиббӣ ва 7 дорухона дорад. Аз ҳудуди район р. о.-и Тирмиз — Қурғонтеппа мегузарад. Район бо маркази вилоят ва диг. шаҳрҳои республика ба воситаи нақлиёти автомобилӣ  р. о. ва нақлиёти ҳавоӣ (аэропорт дар птш Шаҳртуз) робита дорад. Газетаи районӣ — «Октябрь» (аз марти 1932 инҷониб нашр мешавад).

З. Абдурҳимов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …