Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАҲРИСТОНӢ Абулфатҳ Муҳаммад ибни Абдулкарим

ШАҲРИСТОНӢ Абулфатҳ Муҳаммад ибни Абдулкарим

ШАҲРИСТОНӢ Абулфатҳ Муҳаммад ибни Абдулкарим (1086, Шаҳристони Хуросон —1153, ҳамон ҷо), муаррихи машҳури дину фалсафаи Аҷам. Айёми кудакиро дар зодгоҳаш гузаронида, баъдтар барои таҳсил ба Нишопур ва  Ҷурҷон рафтааст. Илмҳои замонаро аз устодони давраш омухта, дар мадрасаи «Низомия»-и Бағдод се сол ба кори таълим машғул шудааст. Баъди бозгашт ба Шаҳристон ба навиштани асарҳояш пардохтааст. У зиёда аз 20 асар таълиф кардааст. Аксари онҳо то замони мо расидаанд. Муҳимтаранашон «Мусориат-ул-фалосифа», «Ниҳоят-ул-иқдом фӣ илм-ил-калом», «Мафотеҳ-ул-асрор», «Ал-милал ва-н-ниҳал» мебошанд.

Мавзӯи асосии эҷодиёти Шаҳристониро масъалаҳои илоҳиёти ислом ташкил медиҳанд. Ақидаҳои динию сиёсии Шаҳристониро ба як ҷараёни маъмули давр нисбат додан амри муҳол аст, зеро у дар баъзе асарҳояш ашъарияро тарафдорӣ карда, дар баъзеи дигараш исмоилияро тарғиб намудааст. Вале дар муқаддимаи «Ал-милал ва-н-нидал» у худро фақеҳ ва мутакаллими аҷамӣ номидааст.

Агар баъзе норасоиҳои ҷузъии эҷодиёти Шаҳристониро сарфи назар кунем, гуфтан мумкин аст, ки у моҳияти таърихи фалсафаро дар асарҳояш аз муобризаи материализм (моддиён) ва идеализм (илоҳиён) иборат медонад. Шаҳристонӣ аз руи методи муайян таърихи фалсафаи ҷаҳонро бо пайдарҳамии хосе нигоштааст. У дар баёни ҳақиқати таърихӣ амиқназарона муносибат карда, нақши онҳоро дар таърихи афкори маънавӣ ба таври объективӣ муайян намудааст. Шаҳристонӣ дар барқарор намудани асосҳои илми таърихи фалсафа кореро ба су-бут расондааст, ки дусад сол баъд Ибни. Ҳалдун дар соҳаи фалсафаи таърих анҷом  дод.

К. Беков.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …