Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАХРИСТОНИ Абулфатх Мухаммад ибни Абдулкарим

ШАХРИСТОНИ Абулфатх Мухаммад ибни Абдулкарим

ШАХРИСТОНИ Абулфатх Мухаммад ибни Абдулкарим (1086, Шахристони Хуросон —1153, хамон чо), муаррихи машхури дину фалсафаи Ачам. Айёми кудакиро дар зодгохаш гузаронида, баъдтар барои тахсил ба Нишопур ва  Чурчон рафтааст. Илмхои замонаро аз устодони давраш омухта, дар мадрасаи «Низомия»-и Багдод се сол ба кори таълим машгул шудааст. Баъди бозгашт ба Шахристон ба навиштани асархояш пардохтааст. У зиёда аз 20 асар таълиф кардааст. Аксари онхо то замони мо расидаанд. Мухимтаранашон «Мусориат-ул-фалосифа», «Нихоят-ул-икдом фи илм-ил-калом», «Мафотех-ул-асрор», «Ал-милал ва-н-нихал» мебошанд.

Мавзуи асосии эчодиёти Шахристониро масъалахои илохиёти ислом ташкил медиханд. Акидахои динию сиёсии Шахристониро ба як чараёни маъмули давр нисбат додан амри мухол аст, зеро у дар баъзе асархояш ашъарияро тарафдори карда, дар баъзеи дигараш исмоилияро таргиб намудааст. Вале дар мукаддимаи «Ал-милал ва-н-нидал» у худро факех ва мутакаллими ачами номидааст.

Агар баъзе норасоихои чузъии эчодиёти Шахристониро сарфи назар кунем, гуфтан мумкин аст, ки у мохияти таърихи фалсафаро дар асархояш аз муобризаи материализм (моддиён) ва идеализм (илохиён) иборат медонад. Шахристони аз руи методи муайян таърихи фалсафаи чахонро бо пайдархамии хосе нигоштааст. У дар баёни хакикати таърихи амикназарона муносибат карда, накши онхоро дар таърихи афкори маънави ба таври объективи муайян намудааст. Шахристони дар баркарор намудани асосхои илми таърихи фалсафа кореро ба су-бут расондааст, ки дусад сол баъд Ибни. Халдун дар сохаи фалсафаи таърих анчом  дод.

К. Беков.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.