Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Орҷоникидзеобод

Шаҳри Орҷоникидзеобод

Орҷоникидзеобод, шаҳр, маркази маъмурии райони Орҷоникидзеободи Pеспубликаи Советии Cотсиалистии Тоҷикистон. 21 километр шарқтар аз шаҳри Душанбе, дар содили чапи дарёи Кофарниҳон воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 30,6 ҳазор нафар (1976). Пункти охирини роҳи оҳан (стансияи роҳи оҳани Янгибозор). Инчунин аз Орҷоникидзеобод роҳҳои мошингарди Душанбе — Комсомолобод — Ғарм — Ҷиргатол, Душанбе — Хоруғ, Душанбе — Ёвон, Душанбе — Норак ва Душанбе — Кӯлоб мегузаранд. Орҷоникидзеобод аз сатҳи баҳр 800—820 метр баланд аст. Ҳарорати миёвнаи июл 28°Селсия, январ 1° Селсия; боришоти солона 630 миллиметр.

Орҷоникидзеобод яке аз шаҳрҳои ҷавон мебошад, ки саноаташ босуръат тараққӣ мекунад. Дар шаҳр заводҳои пахтатозакунӣ, механикӣ (қисмҳои эдтиёти барои заводҳои пахтатозакунӣ), таъмири механизмҳо (таъмири экскаватор, мошинҳои боркаш ва ғайра), маснуоти металлӣ (зарфҳои алюминӣ барои рӯзғор), карамзит, хишт, асфалт, комбинатҳои ордкашӣ, хонасозӣ, хизмати маишӣ, фабрикаи мебел, заводи нон мавҷуданд. Автовокзал сохта шудааст.

Орҷоникидзеобод техникуми статистикӣ, омӯзишгоҳҳои тиббӣ, касбҳои техникӣ, 9 макта­би миёна, 3 мактаби 8-сола, мактаби мусиқӣ, хонаи маданият, 3 китобхона, 11 клуб ва 7 кинотеатр дорад. Дар боғи маданият ва истироҳати шаҳр муҷассамаи ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ К. Исмоилов ва барои абадӣ гардонидани хотираи 7 нафар комсомолони дар ҷанги зидди босмачиён ҳалокгардида (январи 1923) ҳайкали ёдгор гузошта шудааст.

28 декабри 1937 деҳаи Янгибозор ба посёлкаи типи шаҳрии Орҷоникидзе- обод ва 3 июли 1965 ба шаҳри Орҷоникидзеобод таб­дил дода шуд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …