Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Окаяма

Шаҳри Окаяма

Окаяма, шаҳр, узели нақлиёт ва бандар дар Япония. Дар ҷануб ғарби ҷазираи Хонсю воқеъ гаштааст. Маркази маъмурии префектураи Окаяма. Аҳолиаш 517 ҳазор нафар. (1975). Окаяма ба воситаи пароми поездкашон бо пешбандари Уно алоқаманд аст.

Соҳаҳои саноаташ: бофандагӣ (газворҳои пахтагӣ, пашмӣ, абрешими сунъӣ), мошинсозӣ (мошинҳои электрӣ), киштисозӣ, химия, коғаз, хӯрокворӣ ва маснуоти сафолӣ. Заводи алюминий дорад. Истеҳсоли косибии чиниворӣ ривоҷ ёфтааст. Университет ҳаст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …