Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Нюрберг

Шаҳри Нюрберг

Нюрберг (Nurnberg), шаҳрест дар Республикаи Федеративии Германия, дар сарзамини Бавария. Дар соҳили дарёи Пегнис ва канали Людвигс чойгир шудааст. Аҳолиаш 499,2 ҳазор нафар (1976). Узели калони роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ; аэропорт дорад. Яке аз калонтарин марказҳои саноатии Республикаи Федеративии Германия.

Соҳаҳои муҳими саноаташ: электротехника, дастгоҳсозӣ, механикаи дақиқ, истеҳсоли маснуоти металлӣ, мото­сикл, велосипед, молҳои маданӣ (ка­лам ва бозичаҳо); химия, бофандагӣ, дӯзандагӣ, чарм, хӯрокворӣ, чӯбгарӣ ва полиграфия. Корхонаҳои саноатии на чандон калон низ бисёранд. Академияи техникаи амалӣ, Академияи санъати тасвирӣ, Мактаби олии педагогика, факултети илмҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Университети Эрлан­ген, театрҳои опера ва драма, Му­зеи миллим Германия, музейҳои нақлиёт, ҳунармандӣ, бозичаҳо мавҷуданд. Бисёр ёдгориҳои меъмории асрҳои миёна боқӣ мондаанд.

Нюрнберг аввалин бор дар дастхатҳои соли 1050 номбар шудааст. Соли 1219 шаҳри мустақил эълон шуд. Асрҳои 14—15 маркази калони ҳунармандӣ ва ти- ҷорат буд. Соли 1806 шаҳр ба ҳайати шоҳии Бавария дохил шуд. Баъди дар Германия сохтани аввалин роҳи оҳан Нюрнберг—Фюрт (1835) Нюрнберг ба яке аз марказҳои асосии иқтисодии Бава­рия табдил ёфт. Солҳои ҳукмронии фашизм дар Нюрнберг съездҳои партияҳои насистӣ барпо мешуданд. Баъди то­ру мор гардидани фашизм, дар Нюрнберг солҳои 1945—46, бар гурӯҳи ҷинояткорони ҳарбии фашистӣ мурофиаи су­дӣ баргузор шуд. (дигар низ Муро­фиаи Нюрнберг).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …