Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Нагпур

Шаҳри Нагпур

Шаҳрест дар қисми мар­казии Ҳиндустон, дар штати Маҳа­раштра, дар соҳили дарёи Нагпур. Аҳо­лиаш 866,1 ҳазор нафар (1971). Узели муҳими тиҷорату нақлиёт, маркази калони истеҳсоли матоъҳои пахтагин. Соҳаҳои муҳими саноаташ: бо­фандагӣ, мошинсозӣ, химия, полиг­рафия, хӯрокворӣ, кулолӣ. Заводҳои шиша, шина ва яхдон низ мавҷуданд. Аз касбҳои ҳунармандӣ бештар зарбофӣ ривоҷ ёфтааст. У-нт (аз 1923), музеи археологӣ дорад. Дар шимоли шарктари Нагпур кони манган ҳаст.

Нагпур асри 18 бунёд шуда, аз солҳои 30 асри 18 пойтахти давлати Бхонсле (конфедератсияи князии Маратҳа) буд. Баъди бо зӯрӣ ҳамроҳ карда шудани давлати Бхонсле (1853) ба Ҳиндустони Британӣ Нагпур маркази маъму­рии музофоти Марказӣ гардид. Нимаи дуюми асри 19 ба маркази саноати матоъҳои пахтагин табдил ёфт. Солҳои 1950—1956 маркази маъмурии штати Мадҳя-Прадеш буд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …