Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри Нагпур

Шахри Нагпур

Шахрест дар кисми мар­казии Хиндустон, дар штати Маха­раштра, дар сохили дарёи Нагпур. Ахо­лиаш 866,1 хазор нафар (1971). Узели мухими тичорату наклиёт, маркази калони истехсоли матоъхои пахтагин. Сохахои мухими саноаташ: бо­фандаги, мошинсози, химия, полиг­рафия, хуроквори, кулоли. Заводхои шиша, шина ва яхдон низ мавчуданд. Аз касбхои хунарманди бештар зарбофи ривоч ёфтааст. У-нт (аз 1923), музеи археологи дорад. Дар шимоли шарктари Нагпур кони манган хаст.

Нагпур асри 18 бунёд шуда, аз солхои 30 асри 18 пойтахти давлати Бхонсле (конфедератсияи князии Маратха) буд. Баъди бо зури хамрох карда шудани давлати Бхонсле (1853) ба Хиндустони Британи Нагпур маркази маъму­рии музофоти Маркази гардид. Нимаи дуюми асри 19 ба маркази саноати матоъхои пахтагин табдил ёфт. Солхои 1950—1956 маркази маъмурии штати Мадхя-Прадеш буд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …