Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри РИГА

Шаҳри РИГА

РИГА, пойтаҳти Республикаи Советии Сотсиалистии Латвия. Маркази калони индустрӣ, илмӣ ва маданӣ, узели нақлиёт, бандари баҳрӣ. Дар соҳили дарёи Даугава (Двинаи Ғарбӣ) воқеъ гардидааст. Масоҳаташ 302,8 километр2. Аҳолиаш 875 ҳазор нафар (1984). Дар Рига асосан литвониҳо, инчунин русҳо, яҳудиён, белорусҳо ва украинҳо зиндагӣ мекунанд. Рига ба 5 райони маъмурӣ тақсим шудааст.

riga
Очерки таърихӣ. Бино ба маълумотҳои ҳафриёти археологӣ дар территорияи Шаҳри кӯҳна ҳанӯз дар асрҳои 10—11 бошишгоҳҳо вуҷуд доштаанд. Рига дар ҷои бошишгоҳи қадимаи тиҷоратии халқҳои назди Балтика, дар ҷои ба дарёи Даугава рехтани дарёи Рига (ҳоло хушк шудааст) бунёд ёфта, номаш низ аз ҳамин ҷост. Дар маъ- хазҳои хаттӣ Рега бори аввал соли 1198, ҳамчун шаҳр соли 1201 номбар шудааст. Дар ибтидои асри 13 салибдорони немис Ригаро ба қалъа — маркази таҷовузкориҳои худ табдил доданд. Дар асрҳои 13—16 Рига дар тасарруфи архиепископи Рига буд, аз охири асри 14 ба ҳайати Ганза дохил шуд. То соли 1561 Рига дар ҳайати ордени Ливон буд. Дар давраи ҷанги Ливон (1558—83) аз соли 1561 шаҳри озод шуд. Соли 1581 Рига ба ҳайати Реч Посполита даромад, соли 1621 онро шведҳо забт карданд. Дар рафти Ҷанги Шимолӣ (1700—21) 14 июли 1710 қушунҳои рус Ригаро ишғол намуданд. Дар асри 17 дар Рига аввалин мануфактураҳо ба вуҷуд омаданд. Дар охири асри 18 Рига ба яке аз бандарҳби калон ва маркази тиҷоратии Россия табдил ёфт. Аҳолии он торафт зиёд мешуд. Дар охири асри 19—ибтидои асри 20 Рига калонтарин маркази саноатии империяи Россия гардид. Соли 1890 дар 226 корхонаи саноатии он зиёда аз 16 ҳазор коргар кор мекард. Дар аввали асри 20 бандари Рига аз ҷиҳати экспорт ҷои 1-ум ва аз ҷиҳати импорт (баъди Петербург) ҷои 2-юмро гирифт. Дар солҳои 80 корпартоиҳои пролетариат сар шуд. Моҳи маи 1899 хуруҷи коргарон ба аввалин дар империяи Россия задухӯрд бо полисия ва қӯшунҳо (ба ном исёни Рига) табдил ёфт. Кружокҳои марксистӣ дар Рига аввали солҳои 90 асри 19 ташкил шуданд. Тирамоҳи 1899 ташкилоти сотсиал-демократияи Рига таъсис ёфт. Баҳори 1900 ба ин ҷо Владимир Илич Ленин омад. Аз соли 1904 дар Рига нашри газетаи сотсиал-демократии «Синя» сар шуд. Моҳя июни 1904 дар Рига Съезди 1-уми СДРП Латвия барпо гардид.
Дар давраи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—18) Рига шаҳри наздифронтӣ буд. 21 августи (3 сентябри) 1917 Ҳукумати муваққатии буржуазӣ ва сарфармондеҳи олӣ генерал Л. Г. Корнилов Ригаро ба ихтиёри қӯшунҳои немисҳо доданд. 3 январи 1919 коргарони шӯришкарда ва тирандозони сурхи литвонӣ шаҳрро озод карданд. 13 январи 1919 дар Рига Съезди 1-уми Советҳои Умумилатвия шуда гу- зашт. Съезд Ҳокимияти Советиро эълон намуда, аввалин конститутси- яи Советиро қабул кард. 22 маи 1919 қувваҳои дохилӣ ва берунии контрреволютсиони Ригаро ишғол карданд. Солҳои 1919—40 Рига пойтахти Латвияи буржуазӣ буд. Рӯзҳои июни 1940 меҳнаткашони Рига таҳти роҳбарии Партияи Коммунистии Латвия тартиботи буржуазиро сарнагун ва Ҳокимияти Советиро барқарор -карданд. Аз 21 июли 1940 Рига пойтахти Латвияи Советӣ. 1 июли 1941 фашистони истилогар Ригаро забт карданд. Дар Рига бар зидди таҷовузкорон ташкилоти коммунистии пинҳонкор мубориза мебурд. 13 октябри 1944 Ригаро Армияи Советӣ аз фашистон озод намуд. Дар давраи баъди ҷанг корхонаҳои харобгаштаи саноатӣ барқарор, бисёриашон аз нав сохта шуданд. Сохтмони биноҳои истиқоматӣ авҷ гирифт. 26 ноябри 1970 Рига бо ордени Ленин мукофотонида шуд.
Иқтисодиёт. Соҳаҳои асосии иқтисодиёти шаҳр мошинсозӣ, коркарди металл ва саноати сабуканд. Алалхусус соҳаҳои радиотехника, электроника, электротехника, асбобсозӣ, мошинсозии нақлиётӣ ва хоҷагии қишлоқ, ки аҳамияти умумииттифоқӣ доранд, зуд тараққӣ мекунанд. Солҳои 1966—72 зиёда аз 400 навъи мошин, таҷҳизот, аппаратура ва асбобҳои нав ихтироъ карда шуданд. Дар Рига корхонаҳои калони вагон, аппарати телефон, яҳдон, велосипедҳои гу- ногул, радиоприёмник, мошинҳои ҷомашӯӣ истеҳсол мекунанд. Калонтарип корхонаҳои саноати мошинсозии Рига: заводи электротехникии «ВЭФ» ба номи Владимир Илич Ленин, радиозаводи ба номи А. С. Попов, заводҳои электромошин, дизел, «Ригаселмаш», лампаҳои электрӣ, асбобҳои нимноқилӣ, «Гидрометприбор», «Автоэлектроприбор», заводи «Саркапа Звайгзпе», таъмири киштӣ.
Саноати химия аз заводҳои зерин иборат аст: заводи локу ранг, препаратҳои тиббӣ, химфармокология, иттиҳодияи истеҳсолии «Сарканайс квадратс» ва фирмаи «Латвбитхим». Саноати масолеҳи бинокори тараққӣ кардааст. Корхонаҳои саноати бофандагӣ дар тамоми иттифоқ шӯҳрат доранд, ки фабрикаву иттиҳодияҳои “Ригас мануфактура», «Ригас аудумс», «•Саркана текстилниесе», фирмаи трикотажии «Мара» ва «Сарканайс ритс», ф-каи ҷуроби «Аврора», иттиҳодияи истеҳсолии дӯзандагии «Латвия», «Ригас. ап- гербс» ва ғ. аз ҳамин қабиланд. Дар Рига корхонаҳои калони саноати хӯроквории бо техникаи ҳозиразамон ҷиҳозонидашуда — комбинатҳои гӯшту консерв, шир, орд, фабрикаи қаннодӣ ва ғайра, заводи атриёту косметика — «Дзинтарс» мавҷӯданд. Рига маркази калони саноати моҳӣ мебошад. 3аводҳои коркарди моҳӣ дорад.
Дар шаҳр ду ТЭЦ кор мекунад; соли 1974 агрегатҳои аввалини Гидро ЭлектроСтансияи Рига дар дарёи Даугава ба кор даромаданд. Шаҳр ба воситаи трубопровод бо гази Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Коми таъмин карда мешавад. Рига тавассути роҳи оҳан бо Москва, Ленинград, Таллин, Вилнюс, Калининград ва дигар шаҳрҳо алоқаманд аст. Бандари баҳрии Рига дар ҳаёти иқтисодӣ ва хоҷагии шаҳр роли калон мебозад. Дарёи Даугава киштигард аст. Рига 2 аэропорт дорад.
Меъморӣ. Дар соҳили рости дарёи Даугава маҳалли қадимаи Рига— Шаҳри кӯҳна ҷой гирифтааст, ки кӯчаҳои асримиёнагии танги он то имрӯз барҷоанд. Қад-қади дарёи Даугава аз марказ ба сӯи халиҷи Рига бандарҳои баҳрии тиҷоратӣ ва совхози моҳидории «Девитайс Майс» воқеъ гардидаанд. Дар Рига чорбоғ, хиёбон, гулгашт бисёр буда, онҳо қариб 400 гектарро ташкил медиҳанд. Дар Шимоли Шарқи шаҳр кӯли Кишэзерс, дар соҳили ғарбии он боғи калонтари- ни Рига— Межапарк воқеанд. Дар канори шарқии Рига, дар назди кӯли Юглас райони истиқоматӣ (1962—70, меъморон П. Фогелс, 0. Крауклис, А. Плесумс, Л. Наглин ва дигар), ҷанубтар райони истиқоматии Пурвсиемс (1966—74, меъморон Э. Дранде, Г. Мелбёрг, Э. Фогелис ва дигар); дар канори ҷануби районҳои истиқоматии Кенгарагс (1961—71, меъморон И. Страутманис, М. Л. Бродский, Г. Мелберг ва дигар) ва ғайра вусъат ёфтааст. Соҳили чапи шаҳр ободу зебо ва кабудизор буда, дар он корхонаҳои саноатӣ, маҳаллаҳои калони истиқоматӣ (1958—62, меъморон Н. Рендел, Э. Якобсонс), Илгюсиемс (1967—70, меъморон Р. Лелис, Л. Наглин, Т. Франсмане ва дигар) ҷой гирифтаанд. Дар Шаҳри кӯҳна бисёр ёдгориҳои қадимаи санъати меъморӣ: калисои ҷомеи Домск ва калисои Бкаба (асри 13), калисои Петер (асри 13—ибтидои асри 14), калисои Ян (асри 13), собиқ кӯшки Орден (соли 1330), калисои Петер-Павила (1780—86) ва ғайра то замони мо боқӣ мондаанд. Дар райони марказӣ хонаҳои 5—6-ошёна ва биноҳои ҷамъиятӣ (масалан, бинои Музри бадеии Республикаи Советии Сотсиалистии Латвия, 1905, меъмор Н. Вейман) бо услуби эклетика ва «модерн», як қатор биноҳо бо услуби неоклассисизм (Қасри адлия, ҳозира бинои Совети Вазирони Республикаи Советии Сотсиалистии Латвия, 1936—38, меъмор Ф. Скуин) сохта шудаанд. Дар давраи советӣ дар шаҳрсозӣ дигаргуниҳои калон ба амал омаданд: роҳ, боғ, майдон, соҳилҳои дарёи Даугава аз нав сохта шуданд. Мувофиқи лоиҳаи нави генералии шаҳр (соли 1969 тасдиқ шудааст, меъморон В. Апситис, Э. Пучин, Г. Мелберт ва дигар) тарҳи Ригаи кӯҳна пурра нигоҳ дошта мешавад. Дар даҳсолаҳои охир дар шаҳр бинои боҳашамати Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Латвия (1956—57, меъморон В. Апситис, О. Тилманис ва дигар), вокзали роҳи оҳан (1957—66, меъморон В. И. Кузнецов ва В. П. Сипулин) ва вокзали баҳрӣ (1963—65, меъморон М. Гелзис ва В. Сависко). аэровокзал (1970—74, меъморон Л. Я. Иванов,В.М. Ермолаев), бинои Институти эдектроника ва техникаи ҳисоббарории Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Латвия (1965—71, меъморон 10. П. Платонов, В. Р. Раннев), Қасри спорт (1970, меъморон Б. Бурчика, 0. Крауклис ва дигар), Музей- ҳайкали ёдгорӣ ба хотираи тирандози сурхи литвонӣ (1971, меъморон Д. Дриба, Г. Лусис-Грияберг, ҳайкалтарош В. Алберг), бинои Комитети Марказии Партияи Коммунистии Латвия (1972—74, меъморон Я. Вилсин, Г. Асарис ва дигар) сохта шуд.
Сохтмони маданӣ. Рига маркази калони илм, маориф ва маданияти Республикаи Советии Сотсиалистии Латвия мебошад. Дар шаҳр Академияи Фанҳои республика, бисёр институтҳои тадқиқотӣ, муассисаҳои илмӣ (57 муассиса) ва ғайра воқеъ гардидаанд.
Соли таҳсили 1974/75 дар 7 мактаби олии Рига (Университети Латвия, институтҳои политехникӣ, тиббӣ, инженерҳои авиатсияи гражданӣ, тарбияи ҷисмонӣ, дар консерватория ва Академияи рассомӣ 32,9 ҳазор студент, дар 22 мактаби миёнаи махсус 26 ҳазор, дар 161 мактаби маълумоти умумӣ 106,6 ҳазор, дар 21 омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ қариб 10 ҳазор талаба таҳсил кард. Соли 1974 дар 260 муассисаи томактабӣ 35 ҳазор кӯдак тарбия ёфт.
Театри опера ва балети РСС Латвия. 1863. Меъмор Л. Ф. К. Бонштедт.
Соли 1975 дар шаҳр 177 китобхонаи оммавӣ буд. Китобхонаҳои асосӣ: Китобхонаи давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Латвия ба номи В. Ласис, Китобхонаи асосии Академияи Фанҳои республика ва ғайра. Дар Рига 19 музей ҳаст. Музейҳои асосӣ: Музеи таърихи Республикаи Советии Сотсиалистии Латвия, Музеи рево- лютсияи Республикаи Советии Сотсиалистии Латвия, Хона-музеи ёдгории Владимир Илич Ленин, Музеи таърихи тиб ба номи П. Страдиня, Музеи табиати Республикаи Советии Сотсиалистии Латвия ва ғайра. Театри опера ва балет, театри драма, театри бадеӣ, театри драмаи русӣ, театри тамошобинони ҷавон ба номи Комсомоли ленинӣ, театри лӯхтак, театри оперетта, сирк, филармония, 45 клуб, 46 кинотеатр кор мекунанд. Нашриётҳои республикавии «Звайгзне» («Ситора»), «Зинатие» («Илм»), «Лиесма» («Аланга») ва дигар, Агентии ахбороти Латин-форм дар Рига мебошанд. 9 гаэзетаи реслубликавӣ, 27 журнал нашр мешавад. Маркази телевизион дар Рига.
Нигаҳдории тамдурустӣ. Соли 1974 дар шаҳр 32 муассисаи табобатии дорои 11,7 ҳазор кат (15,1 кат ба 1 ҳазор аҳолӣ), 39 муассисаи ҳифзи саломатин модар ва кӯдак буд; дар системаи нигаҳдории тандурустӣ зиёда аз 5 ҳазор духтур (1 духтур ба 148 аҳолӣ) кор мекард. Институти тиббии Рига (таъсисаш 1950) духтур тайёр мекунад. Институти тиббии тадқиқоти илмии травмотология ва ор- топедия (таъсисаш 1946) дорад. Дар атрофи Рига курортҳои Юрмала, Огре, Сигулда, Балдоне ва Кемери воқеъ гардидаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …