Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЕВЕРЦОВ Алексей Николаевич

СЕВЕРЦОВ Алексей Николаевич

СЕВЕРЦОВ Алексей Николаевич (23. 09. 1866, Москва —19. 12. 1936, ҳамон ҷо), биологи советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1920) ва Академияи Фанҳои  Республикаи Советӣ Сотсиалистии Ӯзбекистон (1925). Писари Н. А. Северцов. Университети Москваро хатм кардааст (1890). Профессори университетҳои Юрьев (ҳозира Университети Тарту; аз 1899), Киев (аз 1902) ва Москва (1911—1930). Соли 1930 бо ташаббус ва иштироки ӯ дар системаи Академияи Фанҳои СССР лабораторияи морфологияи эволютсионӣ таъсис ёфт. Тадқиқоти Северцев оид ба метамерияи сар (1891—1901) ва пайдоиши пойҳои ҷуфти ҳайвонҳои мӯҳрадор (1900, 1908, 1926), инчунин дар бораи эволютсияи ҳайвонҳои мӯҳрадори дараҷаи паст (1926—1927) сазовори эътирофи олимони тамоми ҷаҳон гардиданд. Северцев асосгузори морфологияи эволютсионии ҳайвонот, барпокунандаи мактаби морфологу эволютсионистҳои советӣ буда, назарияи филэмбриогенезро таҳқиқ кардааст. Соли 1969 мукофоти ба номи Северцов таъсис ёфт.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …