Маълумоти охирин

СЕТОР

СЕТОР, асбоби тории мусиқист, ки бо мизроб (нохунак) менавозанд. Косааш мурудшакл, аз чӯби тут ё чормағз сохта мешавад. Барои мавҷнокии садо сарпӯшро 5—6 сӯрохча мекунанд. Сетор дастаи дароз дорад, ки он бо пардаҳои диатоникӣ ҷудо карда шудааст (бо роҳи бастан). Шумораи онҳо 18—22 (асосан 18—19 пардаи асосӣ ва 3—4 пардаи ёридиҳанда). Дарозии умумии Сетор 120— 140 см. Дар охири даста гӯшакҳо дорад. Торҳояш аз сим. Сеторро бо ангушти ишоратӣ менавозанд. Дар маъхазҳои асрҳои 15—20 Сеторро ба барбат ва яке аз намудҳои танбур монанд кардаанд. Ин монандкуниҳо бештар дар Бадахшон (Помир) ва Хева ишорат шудааст.

  Сетор асосан асбоби маъмули мусиқии сокинони ноҳияҳои шарқию ҷанубии Тоҷикистон аст. Сеторро дар водии Дарвоз ва Кӯлоб бо ҳамин ном, дар водии Қаротегин ва дигар районҳои ҷанубии республика бо калимаи «танбӯр» ифода менамоянд. Сеторро бо овози кварха ҷӯр мекунанд. Баъзан ба Сетор боз тор ҳамроҳ карда, панҷтор ва нӯҳтор ҳам мегӯянд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …