Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи СЕШАНБЕ

Деҳаи СЕШАНБЕ

СЕШАНБЕ, деҳаест дар райони Турсунзодаи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, маркази Совети қишлоқи Сешанбе. Территорияи совхози «Правда». Аз Сешанбе то маркази район 5 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 1060 нафар (1085), тоҷикон, ӯзбекҳо. Деҳа мактаби миёна, китобхона, клуб, пункти тиббӣ ва боғчаи бачагон дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ сабзавоткорист. Заминҳо аз дарëи Ширкент обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …