Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЕРОВ Валентин Александрович

СЕРОВ Валентин Александрович

%d1%85%d1%83%d0%b4%d0%be%d0%b6%d0%bd%d0%b8%d0%baСЕРОВ Валентин Александрович (19. 01. 1865, Петербург—05. 12. 1911, Москва), рассоми рус. Писари оҳангсоз А. Н. Серов. Назди И. Е. Репин (дар Париж ва Москва) ва дар Академияи Рассомии Петербург (1880—1885 аз П. П.Чистяков) санъати тасвириро омӯхтааст. Эҷодиёти давраи аввали Серов дар зери таъсири осори Репин ва Чистяков ташаккул ёфтааст. Ақидаҳои демократии Серов дар солҳои Револютсияи 1905—1907 равшан зуҳур ёфтанд; Дар эҷодиёти давраи охири Серов мусаввараҳои таърихӣ мавқеи калон пайдо карданд: «Азми шикори Пётри 1» (1907, Нигористони Третьяков). Серов дар солҳои охири умр дар асоси сюжети асотири атиқӣ чанд мусаввара эҷод кард. Асарҳои Серов қуллаи санъати реалистии рус ҳисоб мешаванд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …