Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЕРАФИМОВИЧ Александр Серафимович

СЕРАФИМОВИЧ Александр Серафимович

СЕРАФИМОВИЧ (тахаллалус; фамилия Попов) Александр Серафимович (19. 01. 1863, станисаи Нижнекурмоярск, ҳозира райони Симляни вилояти Ростов—19. 01. 1949, Москва), нависандаи советии рус. Аъзои КПСС аз соли 1918. Солҳои 1883—1887 дар факултети физика ва математикаи университети Петербург хондааст. Ба муносибати сӯиқасди А. И. Улянов ва дигарон бар зидди подшоҳи рус (1887) ҳабс гардида, ба губернияи Архангелск бадарға шуд. Соли 1890 ба Дон баргашта, бо гурӯҳҳои сотсиал – демократҳо робита кард. Аввалин ҳикояи Серафимович «Дар рӯи ях» (1889) тааосуроти ғамангезе аз рӯзҳои бадарға аст. Пас аз нашри «Очерк ва ҳиқояҳо» (1901) Серафимович ба Москва омад. Ба гурӯҳи адабии «Среда» даромада бо М. Горький шинос шуд. Серафимович револютсияҳои февралӣ ва Октябрро хушнудона истиқбол намуд. Дар фронтҳои Ҷанги гражданӣ (1918 —1920) мухбири ҳарбии газетаи «Правда» буд. В. И. Ленин ба публисистикаи ҳарбии Серафимович баҳои баланд додааст. Маҳсули муҳимми эҷодии Серафимович ҳамчун адиб яке аз романҳои классикии адабиёти советӣ— «Сели оҳанин» (1924; тарҷумаи тоҷикӣ 1934) мебошад. Дар ин асар образи ҳалқи револютсионӣ яке аз образҳои асосӣ мебошад. Солҳои 30 Серафимович як силсила очеркҳо оид ба коллективонӣ, ташкили колхозҳо навишт, ба таълифи асари тарҷумаи ҳолӣ машғул буд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) нависандаи солхӯрда боз ба публисистика муроҷиат намуд. Ӯ муҳаррири журнали «Октябр» (1926—1929), яке аз ташкилотчиёни Иттифоқи Нависандагони СССР буд. Асарҳои Серафимович ба бисёр забонҳои халқҳои СССР ва хориҷӣ тарҷума гардидаанд. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1943). Бо ордени Ленин, 2 ордени дигар мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …