Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЕМЁНОВ Николай Николаевич

СЕМЁНОВ Николай Николаевич

СЕМЁНОВ Николай Николаевич (таваллудаш 15.0 4. 1896, Саратов), физик ва химики советӣ академики Академияи Фанҳои СССР (1932; аъзо-корреспондент 1929), ходими ҷамъиятӣ, ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1966, 1976). Аъзои КПСС аз соли 1947. Соли 1917  Университети Петроградро хатм кардааст. Солҳои 1920—1931 корманди Институти физикаю техникаи Ленинград ва дар як вақт (аз 1928) профссори Институти политехникии Ленинград. Аз соли 1931 директори Институти физикаи химиявии Академияи Фанҳои СССР;  профессори Университети давлатии Москва (аз 1944). Солҳои 1957—1963 академик – котиби Шӯъбаи илмҳои химиявии Академияи Фанҳои СССР ва 1960—63 раиси правленияи Ҷамъияти умумииттифоқии «Дониш». Ноиб – президенти Академияи Фанҳои СССР (1963—1971) ва аъзои Комитети пагуошии советӣ (аз 1964). Солҳои 1961—1966 номзад ба аъзоии Комитети Марказии КПСС.

Асарҳои илмии Семёнов дар соҳаи физикаи молекулавӣ ва ҳодисаҳои электронӣ ба омӯзиши конденсатсияи буғ, ионизатсияи буғи намакҳо ва дигар ҳодисаҳои назарияи ҳароратӣ оиданд. Семёнов назарияи таркиши ҳароратии омехтаҳои газиро барсохтааст. Соли 1934 назарияи умумии миқдории реаксияҳои мусалсалро эҷод намуда, аҳамияти амалии онҳоро нишон дод. Семёнов доир ба физикаи химиявӣ низ тадқиқоти зиёде анҷом додааст. Ӯ аъзои як қатор «академияҳои хориҷӣ мебошад. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 5—7). Лауреати Мукофотҳои давлатии СССР (1941, 1949), Мукофоти Нобелӣ (1956, ҳамроҳи С. Хиншалвуд) ва Мукофоти ленинӣ (1976). Бо 7 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …