Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти СЕМИПАЛАТИНСК

Вилояти СЕМИПАЛАТИНСК

СЕМИПАЛАТИНСК, вилоятест дар ҳайати Республикаи Советӣ Сотсиалистии Қазоқистон (аз 14 октябр 1939). Масоҳаташ 179,6 ҳазор км2. Аҳолиш 796 ҳазор нафар (1984). Дер шаҳрҳо 50% аҳолӣ истиқомат мекунанд. 3 шаҳр, 14 райони маъмурӣ дорад. Марказаш шаҳри Семипалатинск. Қисми зиёди ҳудуди Семипалатинскро талистони Қазоқистон ишғол кардааст. Дар ҷануби шарқи вилоят қаторкӯҳи Тарбағатой воқеъ гардидааст. Ҳарорати миёнаи январ аз — 130С то — 170С, июл 20— 240С. Боришоти солона 156—300 мм. Дарёи калонаш Иртиш. Кӯлҳои калонтарин: Зайсен ва Сассиқкӯл. Соҳаҳои муҳими саноаташ: саноати хӯрокворӣ, сабук, коркарди металл, истихроҷи маъдан, чӯбкорӣ. Гӯсфандпарварӣ асоси чорводорист. Гандуми баҳорӣ, ҷав, ҷуворимакка, зироати хӯроки чорво, офтобпараст, картошка ва сабзавот кишт мекунанд. Иртиш киштигард аст. Вилоят бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1967).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …