Маълумоти охирин
Главная / Илм / СЕЛЕНИТ

СЕЛЕНИТ

СЕЛЕНИТ, минерал; гипси тор – тори асбестмонанд. Селенит одатан дар тарқиши ҷинсҳои кӯҳӣ пайдо шуда, онро пур мекунад. Торҳои зич ва кристаллии Селенит, ки 10—15 см дарозӣ доранд, дар байни ҳарду девораи тарқиш кундаланг ҷой мегиранд. Ранги Селенит вобаста ба омехтаҳои таркибаш сафед, сафеди кабудтоб, зардча ва гулобиранг мешавад; дар рӯшноӣ ба мисли абрешим ҷило медиҳад. Селенит санги зебо буда, дар резакорӣ васеъ ба кор меравад. Конҳои калони он дар Урал (Кунгур, вилояти Свердловск) маълуманд. Нигаред низ Гипс.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …