Маълумоти охирин

СЕБ

СЕБ, туффоҳ (Malus), ҷинси бутта ё дарахти мевааш тухмдорест аз оилаи настаранҳо. Дар дунё қариб 50 (аз рӯи маълумоти дигар то 150) намуди Себ худрӯй ҳаст. Дар СССР 15 намуд ва аз он ҷумла дар Тоҷикистон асосан 2 намуд (Себи боғӣ — Маlis domestica ва Себи кӯҳӣ— М. siversii) мерӯяд. Себи кӯҳӣ дар нишебии қаторкӯҳҳои Қаротегин, Дарвозу Ҳисор, Пётри 1, инчунин Қурама, Зарафшон ва Помири Ғарбӣ (водиҳои Ванҷ, Шахдара ва Беҷондара) дар баландии 1000—2500 м аз сатҳи баҳр месабзад. Себии кӯҳӣ (алалхусус дар соҳили дарёи Ванҷ, Помири Ғарбӣ, дарёи Ғунду Шахдара ва ғайра) ба хунукию камобӣ хеле тобовар аст. Себии боғиро аз қадим мепарваранд ва аксари навъҳои ҳозира ва аз ҷумла навъҳои Себи маҳаллии Тоҷикистон (хубонӣ, ҳусниюсуф, толибӣ, нурчипакӣ, ҷангалӣ, гуломадӣ, шелмунӣ, шоҳусайнӣ, гулбанд, амирӣ, сангсеб (себи сурхи понғозӣ) аштархонӣ, туршак, қимизак, қаламфурак, дарачиён, мирсангинӣ, чарсак, сурхсеби тирамоҳӣ, зардсеби тирамоҳӣ, гулсеб, шӯшӣ, ширинак, кадусеб, кулчасеб, пахтасеб ва навъҳои дигарро аз он рӯёндаанд.

Дарахти Себии боғӣ одатан 5—8 (баъзан то 14) м қад мекашад. Баргаш миёна ва калон, одатан байзашакли нӯгтез; гулаш 5-баргаи гулобӣ, баъзан сафед, апрел— май мешукуфад. Ҳаҷм, таъм, рангу бӯ ва мӯҳлати нигоҳдории онҳо хеле гуногун мешавад. Себи боғӣ то 100 ва кӯҳӣ, яъне худрӯ то 300 сол месабзад. Ниҳоли Себ баъди 4—10 сол ба ҳосил медарояд ва 40—60 сол ҳосил медиҳад. Навъҳои маҳаллии Себ: толибӣ, нурчинакӣ, себи сурхи понғози, тирамоҳӣ, аштархонӣ, ширинак, ҷангалӣ, гуломадӣ, себи туршак, пахтасеби баҳорӣ, кадусеб, шоҳусайнӣ, гулбанди дерпазак, амири, дарачиён, мирсангинӣ, чарсаксеб, сурхи тирамоҳӣ хушсифатанд ва аҳамияти калони хоҷагӣ доранд. Себҳои маҳаллӣ бештар ширин (то 10—15% қанд доранд) мешаванд; 0,13—12% турш ва то 22,2 мг% витамини С доранд. Парвариши Себ қариб 3—4 ҳазор сол пеш сар шудааст. Ҳоло беш аз 20 ҳазор навъи Себ маълум аст.

Себро барои тархӯрӣ, тайёр кардани мураббо, компот, консерв, мармелад, повидло, пастила, шарбат, инчунин дар қаннодӣ ва ғайра истифода мебаранд.

Ниҳоли Себро тирамоҳ (дар минтақаҳои сармои республика) ва баҳор кӯчат мекунанд.

Ба Себи гулхӯраки себ (нигаред Гулхураҳо), зиреҳаки себ, кирми себ, мевахӯраки себ, миттаи себ, ширинчаи себ ва ғайра зарар мерасонад. Себ аз касалиҳои ҷорӯбак, тосаки мева, саратони растанӣ ва ғайра зарар меёбад.

А. П. Енькова.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …