Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САНОАТИ МАСОЛЕҲИ БИНОКОРӢ

САНОАТИ МАСОЛЕҲИ БИНОКОРӢ

САНОАТИ МАСОЛЕҲИ БИНОКОРӢ, як соҳаи саноат, ки барои сохтмони манзиливу гражданӣ, саноат, хоҷагии қишлоқ ва ғайра масолеҳи бинокорӣ мебарорад. Саноати масолеҳи бинокорӣ соҳаи муҳимми заминаи моддию техникии сохтмон буда, дар асоси истифодаи материал ва конструксияҳои сохтмонӣ ба инкишофи ҳаҷми корҳои сохтмону монтаж ва прогресси техникии сохтмон мусоидат мекунад.

Истеҳсоли хишти пухта, тахтасангҳои (плиткаҳои) сафолин, сафоли бомпӯшӣ, қубурҳои обгузари сафолин, масолеҳи часпаки гаҷу оҳакӣ ва дигар масолеҳу маснуоти бинокорӣ аз қадимулайём маълуманд. Ибтидои асри 19 бо пайдоиши портландсемент ба истеҳсол ва дар сохтмон истифда бурдани бетон ва маснуоти оҳа-нубетонӣ маъмул шуд.

masolehi-binokori
Саноати масолеҳи бинокорӣ С. м. б. дар Россияи тореволюцио-нӣ хеле қафо монда буд. С. 1913-ум 1.8 млн т цемент, 3,4 млрд дона хишт, 0,2 .млн т гйҷ истеҳсол шудааст. Бисьёр масолеҳи дигарп бинокори-ро аз хориҷа меоварданд.
Саноати масолеҳи бинокорӣ. дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР зуд тараққӣ мекунад. Дар солҳои панҷсолаҳои пешазҷангӣ дар натиҷаи барпо намудани корхонаҳои нав ва азнавсозию васеъ кардани заводҳои пештара истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ хеле афзуд. Соли 1940 назар ба 1913 истехсоли семент 3,2, хишт 2,2, гаҷ зиёда аз 4, тунукаи бомпӯшӣ қариб 13, шифери асбесту семент зиёда аз 20 ба-робар афзуд.
Саноати масолеҳи бинокорӣ махсусан баъди солҳои 60 хеле вусъат ёфт. Соли 1977 назар ба 1960 истеҳсоли семент 2,8, хишт 1,2, линолиум 6, шишаи тиреза зиёда аз 1,8, тунукаи бомпӯшӣ зиёда аз 2,4 маротиба афзуд.
Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР дар ҷаҳон аз рӯи истеҳсоли семент, оҳанубетони васлшаванда, тахта ва ғулбаи асбесту сементӣ, хишт, шиша ҷои 1-ум ва аз рӯи истеҳсоли тунукаи бомпӯшӣ, тахтасангҳои сафолин, масолеҳи бинокории ғаиримаъданӣ ҷои 2-юмро ишғол мекунад.

Дар Тоҷикистони тореволютсионӣ корхонаҳои Саноати масолеҳи бинокорӣ набуданд. Дар ноҳияҳои алоҳида (Ҳисор, Хуҷанд ва ғайра) дар хумдонҳои оддӣ хишт мепухтанд. 3аводҳои аввалини хишт дар Тоҷикистон соли 1929 дар назди стансияи Драгомирово (ҳозира Пролетар) ва соли 1932 дар шаҳри Душанбе сохта шуданд. Онҳо ба саноати хишти республика асос гузоштанд. Истеҳсоли бисёр масолеҳи бинокорӣ ба монанди семент ва оҳанубетони васлшаванда, ки пеш дар Тоҷикистон набуд, ба роҳ монда шуд. Солҳои Ҷан- ги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Душанбе 3аводи семент ба кор даромад. Соли 1950 назар ба 1940 истеҳсоли хишт 106,6, оҳак 111,0, гаҷ 207,9, сафоли бомпӯшӣ 232,0% афзуд. Истеҳсоли семент дар 3аводи сементи Душанбе аз 39 ҳазор тонна (1956) ба 750 ҳазор тонна (1960 —1962) расид. Ҳоло завод соле бештар аз 1 миллион тонна семент истеҳсол мекунад. То соли 1955 дар республика конструксия ва маснуоти оҳанубе- тониро қариб тайёр намекарданд. Соли 1955 дар республика 3аводи конструксия ва маснуоти оҳанубетонии Қайроққум (ҳозира 3аводи ЖБИ № 4) ва соли 1956 3аводи конструксияҳои оҳанубетони Душанбе (ЖБК № 1), солҳои 60 Комбинати хонасозии Душанбе ба кор даромаданд. Саноати масолеҳи бинокории республика махсусан дар панҷсолаҳои 8-10- ум бо суръат пеш рафг. Дар солҳои панҷсолаи 8-ум 3аводи керамзити Орҷоникидзеобод (иқтидораш 100 ҳазор метр3), 3аводи материалҳои гидроизолятсионӣ (иқтидораш 8 миллион метр2), 3аводи сангрезаи Душанбе (иқтидораш 660 ҳазор метр3), Заводи гаҷн бинокории шаҳри Исфара (иқтидораш 400 ҳазор тонна), инчунин заводҳои хишти Пролетар, Шаҳринав, Панҷакент, Роҳатӣ ва Душанбе аз нав сохта ва таҷҳизонида шуданд. Дар солҳои панҷсолаи 9-ум ва нимаи аввали панҷсолаи 10-ум барои таҷҳизонидан, васеъ кардан ва зиёд намудани иқтидори истеҳсолии заводи семент, комбинатҳои масолеҳи бинокорӣ ва асбосементии Душанбе, заводҳои хишти Душанбе, Калининобод, Пролетар, Комбинати масолеҳи бинокории Исфара, Иттиҳодияи «Гидростройматериалы»-и Ҳисор як қатор тадбирҳо андешида шуданд. Аввалин бор истеҳсоли фолгаизол (Ҳисор), плитаҳои РТИ барои биноҳои чорводорӣ (посёлкаи Ленин), тахтасангҳои сафолини сирдодашуда (Пролетар) ба роҳ монда шуданд. Саноати масолеҳи бинокории республика 35 корхонаро дар бар мегирад.
Номгӯи маҳсулоти Саноати масолеҳи бинокорӣ аз ҳисоби масолеҳи нав ба монанди асботруба, аглопорит, керамзит, фолгаи- зол, плитаҳои мозаёкӣ ва акустикӣ, РТИ, маснуоти орошӣ ва ғайра то рафт бой мегардад. Соли 1976 нстеҳсоли маҳсулоти Саноати масолеҳи бинокорӣ назар ба 1940-ум 3123 баробар афзуд (ниг. ҷадвали 2). Дар панҷсолаи 10-ум ҳаҷми исеҳсоли маҳсулоти Саноати масолеҳи бинокории республика 124,8%, аз ҷумла истеҳсоли плитаҳои мозаикӣ 3,4, фолгаизол ва регӣ кварсӣ 2,7, плитаҳои РТИ барои фермаҳои чорводорӣ 1,8, мармармайда 1,7, шифер 1,4 баробар афзуд. Дар панҷ- солан 10-ум, инчунин 3аводи сангрезаи Қайроққум, сехи шпалери Душанбе, комбинати асбосементи Душанбе, сехи плитаҳои глаузерии Пролетар, кони грандиоритҳои Ленинобод, сехи шифери Душанбе сохта шудаанд.
Адабиёт: Промышленность строительных материалов Союза Советских Социалистических Республик СССР. 1917—1967, Москва. 1967; Р е к и т а р Я. А., Экономика производства и применения строительных материалов, Москва, 1972; Народное хозяйство Союз Советских Социалистических Республик СССР в ‘1983 г., Москва., 1981; Советский Таджикистан за 60 лет, Душанбе. 1984.
С. Ф. Раҳматуллоев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …