САДИЗМ, дар тиб як навь шаҳватпарастиест, ки гирифтори он ҳангоми алоқаи ҷинсӣ ба азоби рӯҳӣ ё ҷисмонии зан мекӯшад. Садизм аз номи нависандаи франсавӣ Маркиз де Сад (de Sade, 1740—1814) бармеояд. Ӯ дар романҳояш ҷиноятҳои алоқаи ҷинсиро, ки бо амали зӯрӣ ва бераҳмӣ алоқаманданд, тасвир карда буд. Дар маънои маҷозиаш Садизм— эҳтироси ғайриоддӣ ба бераҳмӣ, аз азоби шахси дигар ҳаловат бурдан.