Маълумоти охирин

СПЕКТАКЛ

spectakle

СПЕКТАКЛ (франсавӣ sресtaсlе аз, лотинӣ spectaculum — тамошо), асари санъат барои саҳна, ки онро коллективи театр (актёрҳо, рассом, бастакор ва дигарон) бо сарварии режиссёри таҳиягар меофаранд. Дар театридрама процесси тайёр кардани Спектакл аз интихоби песа сар мешавад, ки он ба талаботи эстетикию завқи тамошобинон, имкониятҳои саҳна, маҳорати дастаи актёрон ва ғайра вобаста аст. Режиссёри таҳиягар мундариҷа, жанр, услуби асар ва ролҳои асосии онро ба назар гирифта, тартиби намоишро (декорация, костюм, грим, мусиқӣ, рушноӣ, нутқи саҳнавӣ ва ғайра) муайян мекунад. Яке аз лаҳзаҳои муҳимтарини таҳияи Спектакл аниқ кардани мизансценаҳои он аст. Аз ин рӯ, ҳангоми репетиция вазифаи асосии режиссёри таҳиягар ҳар чӣ бештар бо актёрон кор бурдан аст. Лаҳзаи охирини таҳияи Спектакл репетицияи генералӣ аст, зеро ҳангоми намоиши оммавии он бурду бохт ва ба чиҳо ноил гардидани иштироккунандагон аён мешавад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …