РУДОЛФИ (Rudolphi) Карл Асмунд. (14. 6. 1771, Стокголм—29. 11. 1832, Берлин), табиатшиноси немис, аъзо-корр. АФ Петербург (1803). Профессори университетҳои Грейфсвалд (аз 1797) ва Берлин (аз 1810). Рудолфи муаллифи аввалин дар адабиёти ҷаҳонӣ феҳристи гелминтҳо — «Entozoorum sy¬nopsis…» (1822) мебошад. Ӯ дар ин асари худ, тавсифи 981 намуди паразитҳоро дода, онҳоро ба 30 ҷинс, ки мансуби 5 синфанд, ҷудо кардааст. Ин асар ба инкишофи фауна, таснифот ва морфологияи гелминтҳо асос гузошт.
Ac.: Entozoorum, slve vermium Inlcsll- nailiun liislorlu natural!», t. I—3, pi I—2, AmM.. 1808—10.
Tags табиатшинос
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …