Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОМАСКЁВИЧ Александр Александрович

РОМАСКЁВИЧ Александр Александрович

РОМАСКЁВИЧ Александр Александрович (28. 8. 1885, Одесса—1. 3. 1942, Ленинград), эроншиноси сове¬тӣ, профессори (1919). Факултетити забонҳои шарқи Университети Петербургро тамом кардааст (1909). Солҳои 1909—1930 дар Университети Петербург, Иниверситети хоҷагии халқ, Институти таърихи санъат дарс мегуфт. Ходими калон ва мудири шӯъбаи дастнависҳои Институти шарқшиносии АФ СССР буд (1936—1942). Иштирокчии Конгресси байналхалқӣ бахшида ба 1000-солагии зодрӯзи Фирдавсӣ (Теҳрон, 1934). Ромаскёвчик зиёда аз 30 асари илмӣ дорад. Асарҳои асосиаш инҳоанд: «Рубоиёти халқии форсӣ» («Записки восточного отде¬
ения Русского археологического общества», т. XXV. Петроград, 1921); «Намунаҳои матбуоти ҳозираи фор¬сӣ» (қ-ҳои 1—2, Л., 1924), «Очерки таърихи омӯзиши «Шоҳнома» (дар китоби «Фердовси», Л., 1934). Бо ордени эронии «Барои хизматҳои илмӣ» (дараҷаи II) мукофотонида шудааст.
В. Капранов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …