Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РОҲИБИЯТ

РОҲИБИЯТ

РОҲИБИЯТ (аз арабӣ як гурӯҳи иҷтимоии диние, ки аъзоёнаш уҳдадоранд «тарки дунё» кунанд, яъне аз молу мулк даст кашанд, аз никоҳ худдорӣ кунанд, алоқаҳои хе¬шу табориро қатъ намоянд ва ба интизоми қатъӣ риоя кунанд. Барои роҳибон вобастагӣ ба ибодатхона (аз ҷумла дайри Шаммосӣ) ва иҷрои қоидазои он затмист. Ибодат ва мулоҳиза дар бораи худо мазмуни асосии ахлоқи роҳибист.

monasticism
Роҳибият аввалин маротиба дар миёнаи ҳазораи 1 то мелод дар Ҳиндустон дар буддоия ба вуҷуд омадааст. Баъдтар дар Хитой, Япония, Тибет ва дигар мамлакатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Шарқи Дур интишор гардид. Дар асрҳои 3—4 Роҳибият дар масеҳият аввал дар шакли гӯшанишинӣ ба вуҷуд омада, баъдаи (аз асрҳои 4—5) дорои хусусияти гурӯҳӣ гардид. Минбаъд дар православияи Рус мусофирии (қаландарии) роҳибон маъмул шуд. Роҳибияти масеҳӣ дар асрҳои миёна аҳамияти махсус пайдо кард. Аксар розибон табақаҳои иҷтимоие буданд, ки василаи зиндагӣ надоштанд (хусусан деҳқонон). Дар мамлакатҳои капиталистӣ қисме аз Роҳибият одамони беоила, бадбахт, баъзе унсурҳои аз синф ҷудошуда ва намояндагони интеллигенсия майдабуржуазие мебошаид, ки аз ҳаёт норозианд. Аъзои ба Роҳибият аз тарошидани мӯйи cap оғоз меёбад. Баъди ин маросим шахси сартарошида ба мақсади «тарки дунё» либоси роҳибӣ мепӯшад ва номи нав ба худ интихоб мекунад. Дар асл тарки дунё кардани роҳибон (алалхусус болонишинони онҳо) мардумфиребист. Ҳаёти роҳибон аз зоҳидие, ки тарғиб мекунапд, дур аст. Халқ дар зимни мубориза бар зидди истисмори феодалӣ ба муқобили Роҳибият низ бархоста, онро ба муфтхӯрию бадахлоқӣ айбдор мекард.
Шаклҳои мухталифи ташкилотзои роҳибиро калисои католикӣ ба вуҷуд овард. Дар мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ калисои католикӣ Роҳибиятро ҳамчун воситаи таъсиррасонб ба идеология, сиёсат, илм, тарбия ва дигар соҳаҳои ҳаёт истифода мебарад. Роҳибияти католикӣ такягози асосии давлати Папа мебошад. Роҳибияти муосир дар мамлакатҳои Шарқ мавқеи ба худ хосе дорад: дар шароити муборизаи пуршиддати зиддиимпериалистӣ Роҳибияти буддоӣ ва ламаистӣ, ки дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона ширкат дорад, ба қувваҳои прогрессивии мамлакати худ ҳамрод мешавад.
Дар дини ислом зӯҳд ба Роҳибият шабоҳати зиёд дошт. Зоҳидон зиндагии зоҳидонаро тарғиб намуда, онро яке аз воситаҳои ба мақсадҳои динӣ ва ахлоқӣ расидан медонистанд. Гӯшанишинб, рӯзадорӣ, муҷаррадӣ ва ғайра шаклҳои нисбатан маълуми зӯҳд мебошанд, ки он як навъи роҳибӣ буда, минбаъд яке аз маноаъҳои муҳими ташаккули тасаввуф гардид.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …