РИВОЯТИ МУҚАДДАС, маҷмӯи китобҳое, ки калисоҳои православӣ ва католикӣ онҳоро зотан «қудсӣ» дониста, монанди каломи муқаддас қадр мекунанд. Ривояти муқаддас китобҳои «Ваҷҳи дин», «Одати ҳавориюн», қарорҳои ба истилоҳ «Анҷуманҳои ҷаҳонӣ», таълифоти гуногуни баъза саромадони калисо ва ғайраро дар бар ме- гирад. Мундариҷаи Ривояти муқаддаси калисоҳои католикӣ ва православӣ аз ҳам фарқ мекунад. Дар дини яҳудӣ Талмуд ва дар ислом суннат мақоми Ривояти муқаддасро доранд.
Инчунин кобед
САФИНА
САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …