Маълумоти охирин

РИНДИЯ

РИНДИЯ рӯҳияи озодандешии шоирон ва мутафаккирони клас- сикии форс-тоҷик дар замони феодалист. Баробари зуҳуроти дигар тамоюлҳои зиддидинӣ як навъ эътирози иҷтимоие буд. Шоирони ринд дар заминаи нобаробариҳои иҷтимоӣ ба танқиди хурофоти динӣ, мазаммати ҷаҳолат, тарки дунё ва гӯшанишинӣ, урфу одат ва таассуби динӣ пардохтаанд. Дар эҷодиёти шоирони Риндия ба ғайр аз инъикоси масъалаҳои ёдшуда айшпарастӣ ва ғайра баръало намоён аст, ки онҳо моҳиятан ба таълимоти расмии дини ислом муқобил буданд. Масалан, Ҳофизи Шерозӣ дар ин бора гуфтааст:
Май бихӯр, мусҳаф бисӯзу оташ андар Каъба зан,
Сокини бутхона бошу мардумозорӣ макун.
Дар эҷодиёти шоирони Риндия худо мисли рӯҳониён бештар хусусиятҳои манфӣ дорад. Риндон худоро барои он эътироф мекарданд, ки дар хаёл бо ӯ мунозира кунанд ва ба ин восита кирдори зоҳидон, толибон, шайхҳо ва дигар намояндагони рӯҳониёни исломро фош намоянд. Шоирони ринд мутрибу муғаннӣ, пири муғон, пири хароботро ба воиз, муғбачаи бодафурӯшро ба пешвоёни дин, майро ба таассуби динӣ, рақсу шунидани овози мусиқию сурудро ба намозу рӯза ва ҳаҷҷу закоти мусулмонӣ зид гузоштаанд, ба ақидаи риндон агар роҳу расми онҳо қабул шавад, бисёр масъалаҳои дини мусулмонӣ аз байн меравад. Он гоҳ мусулмонон дар роҳи дин ва риндон дар тариқати риндӣ мемонанд.
Айшпарастии риндон бар хилофи дунёпарастии дороён ва зӯҳди зоҳидону суфиён ҳодисаи муҳими зиндагии шоирони ринд буда, заминаи ҷаҳонбинии онҳо мебошад.
Бисёр шоирону мутафаккирони тоҷик ба шеваи риндӣ пайравӣ ё ҳусни таваҷҷӯҳ доштанд.
Адабиёт: Мирзозода X., Ақидаҳои зиддидинӣ дар адабиёти тоҷик, Душанбе, 1966;
Б е р т ё л ь с Е. Э., Суфиэм и суфийская литература, М., 1965. В. Исматов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …