Маълумоти охирин

РИНДИЯ

РИНДИЯ рухияи озодандешии шоирон ва мутафаккирони клас- сикии форс-точик дар замони феодалист. Баробари зухуроти дигар тамоюлхои зиддидини як навъ эътирози ичтимоие буд. Шоирони ринд дар заминаи нобаробарихои ичтимои ба танкиди хурофоти дини, мазаммати чахолат, тарки дунё ва гушанишини, урфу одат ва таассуби дини пардохтаанд. Дар эчодиёти шоирони Риндия ба гайр аз инъикоси масъалахои ёдшуда айшпарасти ва гайра баръало намоён аст, ки онхо мохиятан ба таълимоти расмии дини ислом мукобил буданд. Масалан, Хофизи Шерози дар ин бора гуфтааст:
Май бихур, мусхаф бисузу оташ андар Каъба зан,
Сокини бутхона бошу мардумозори макун.
Дар эчодиёти шоирони Риндия худо мисли рухониён бештар хусусиятхои манфи дорад. Риндон худоро барои он эътироф мекарданд, ки дар хаёл бо у мунозира кунанд ва ба ин восита кирдори зохидон, толибон, шайххо ва дигар намояндагони рухониёни исломро фош намоянд. Шоирони ринд мутрибу муганни, пири мугон, пири хароботро ба воиз, мугбачаи бодафурушро ба пешвоёни дин, майро ба таассуби дини, раксу шунидани овози мусикию сурудро ба намозу руза ва хаччу закоти мусулмони зид гузоштаанд, ба акидаи риндон агар роху расми онхо кабул шавад, бисёр масъалахои дини мусулмони аз байн меравад. Он гох мусулмонон дар рохи дин ва риндон дар тарикати ринди мемонанд.
Айшпарастии риндон бар хилофи дунёпарастии дороён ва зухди зохидону суфиён ходисаи мухими зиндагии шоирони ринд буда, заминаи чахонбинии онхо мебошад.
Бисёр шоирону мутафаккирони точик ба шеваи ринди пайрави ё хусни таваччух доштанд.
Адабиёт: Мирзозода X., Акидахои зиддидини дар адабиёти точик, Душанбе, 1966;
Б е р т ё л ь с Е. Э., Суфиэм и суфийская литература, М., 1965. В. Исматов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …